Нишондиҳандаҳои фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар моҳҳои январ-ноябри соли 2019

миниатюра 1

Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми соли равон ба фаъолияти корхонаҳои зерин оғози расмӣ бахшида шуд. Аз ҷумла:

Дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Бисот», ки ба истеҳсоли мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона, маҷмуи мебел барои манзилҳои истиқоматӣ ва дарҳои байниҳуҷравӣ машғул мебошад дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ – моҳи марти соли ҷорӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлатҳои Олмон ва Италия ворид карда шуда, зиёда аз 80 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Моҳи май дар ноҳияи Данғара ҶДММ «Файзи Карим» дар самти истеҳсоли ҷӯроб бо таҷҳизоти муосир ба ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар он зиёда аз 50 ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст.

ҶДММ «Органик Ян» воқеъ дар ноҳияи Ҷ. Расулов дар масоҳати 2 га бунёд ёфта, шумораи ҷойҳои корӣ 100 нафарро ташкил медиҳад. Корхонаи мазкур аз охири моҳи август ба фаъолият шуруъ намуда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 70 млн сомониро ташкил медиҳад. Иқтидори корхона коркарди 5000 тонна нахи пахта дар як сол буда, риштаи пахтагин аз Ne16 то Ne42 истеҳсол карда мешавад.

Ҳамчунин, 17 сентябри соли равон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансур барои бунёди корхонаи қолинбофӣ ҶДММ «Қолинҳои Душанбе» санги асос гузоштанд. Иқтидори корхонаи мазкур дар як сол истеҳсоли 1,5 млн метри мураббаъ қолин буда, дастгоҳҳо аз ширкати «Ван –де Вил» – Белгия ворид карда хоҳад шуд.

Мавриди қайд аст, ки Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №128 қабул шуд. Барномаи мазкур дар раванди амалигардонии ҳадафҳои саноатикунонии кишвар таҳия гардида, ба таъмини коркарди пурраи ашёи хом, аз ҷумла нахи пахта, пӯст ва пашм дар дохили кишвар, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат менамояд.

Фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабуки кишвар дар ёздаҳ моҳи соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 беҳтар ба назар расида, ҳиссаи саноати сабук дар якҷоягӣ бо корхонаҳои пахтатозакунӣ дар маҷмӯи маҳсулоти саноати кишвар 10,4 фоизро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ – ноябри соли 2019 корхонаҳои соҳаи саноати сабук бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ ба маблағи 2,5 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 257,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои соҳа 20050,2 тонна риштаи пахтагин истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 1447,8 тонна зиёд мебошад. Дар коргоҳҳои бофандагӣ 11028,6 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол гардид, ки нисбат ба ин давраи соли гузашта 5561,4 ҳазор метри мураббаъ зиёд аст. Коркарди пӯсти чорво 510905 донаро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ – ноябри соли 2018 127367 дона зиёд мебошад.

Давоми моҳҳои январ – ноябри соли 2019 дар кишвар 1037852 дона либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 14721 дона зиёд мебошад. Аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ дӯхти либоси мактабӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст ва бо риояи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва пасттар намудани нархи либоси мактабӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.05.2019, №198 «Дар бораи номгӯи либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ, ки таҳвили (фурӯши) онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд» тасдиқ шуд.

Аз ҷониби корхонаҳои ҷӯроббофии кишвар дар ин давра 4074,2 ҳазор ҷуфт ҷӯробҳои гуногун истеҳсол карда шудааст, ки назар ба ёздаҳ моҳи соли сипаришуда 10,8 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад.

Дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2014, №737 «Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» истеҳсоли қолинҳо дар ин давра ба 4003,3 ҳазор метри мураббаъ расонида шуд, ки нисбати ёздаҳ моҳи соли 2018 1218,5 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад. Инчунин аз давраи амалишавии Барномаи мазкур, дар соҳа панҷ корхона, аз ҷумла се корхона дар самти истеҳсоли маснуоти қолинӣ ва ду корхона дар самти истеҳсоли қолинҳои дастбоф ба фаъолият шуруъ намуда, ба иқтидорҳои соҳа 1,3 млн метри мураббаъ илова гардида, дар натиҷа беш 200 ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд.

Содироти маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноати сабук ба хориҷи кишвар дар моҳҳои январ – ноябри 2019 178,7 млн доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бо мақсади васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ, татбиқи раванди инноватсионӣ ва беҳтаргардонии сифати маҳсулот дар корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 65,4 млн сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз қабили ресандагӣ, қолинбофӣ, ҷӯроббофӣ, мебелбарорӣ ва коркарди чарм аз хориҷи кишвар ворид ва васлу насб карда шудаанд.