25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборак бошад

 

Имрӯз боиси хушнудист, ки дар Ватани маҳбубамон 25 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гирифта истодаанд ва дар ин радиф роҳбарияти ташкилоти ибтидоии “Олӣ Сомон” аъзоёни Ҳизбро бо ин санаи муҳим аз самими қалб табрику муборакбод менамояд.

Дар воқеъ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ бунёди давлати мутараққиро ҳадафи асосии худ ҳисобида, манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои гурӯҳӣ афзалтар мешуморад. Ҳимояи Ватан, манфиатҳои тамоми мардуми ҷумҳурӣ, пешрафти фарҳанг, забон ва бақои анъанаҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як узви ҳизб буда, он барои мустаҳкам кардани пояҳои давлатдорӣ хизмат мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тамоми таърихи 25 – солааш чун як нерӯи сиёсии бунёдкору созанда фаъолияти босамар намуда, маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равандҳои демократикунонӣ дар ҷомеа равнақи тоза гирифта, зина ба зина амалӣ мегарданд. Итминони комил дорам, ки таҳти роҳбарии ин абармарди миллатпарвару ҷонфидо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба қуллаҳои боз ҳам баландтари музаффариятҳо хоҳад расид.

Бо таваҷҷуҳ ба татбиқи ин санаи арзишманд, Ташкилоти ибтидоии “Олӣ Сомон” рӯзи  таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, барояшон нишоту шодмонӣ, саодати рӯзгор, номи неки ҷовидона, комёбиҳои беназири сиёсӣ ва хушиҳои ҳамешагии зиндагиро таманно менамояд.

Бо эҳтиром, раиси

ташкилоти ибтидоии

“Олӣ Сомон”

З. Файзуллозода