Фаъолияти корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ ва самтҳои асосии рушд

DtpAdlBWwAALUmg

Саноати масолеҳи сохтмонӣ яке аз бахшҳои муҳими саноати кишвар ба шумор рафта, рушду инкишофи он дар солҳои охир хело назаррас мебошад. Соҳа дар асоси Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030,  «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», инчунин дигар барномаю консепсияҳое, ки барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона карда шудаанд, рушд меёбад.

Давоми солҳои охир бо истифодаи технологияҳои иноватсионӣ ва ҷиҳати коркарди ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз ҷумла, сементбарорӣ, истеҳсоли хишт, маводҳои ғайримаъданӣ, коркарди санг сохта шуда, истеҳсоли масулотҳои нави воридотивазкунанда – семент, гаҷкартон, сангҳои ороишӣ, пахтаи минералӣ аз санг, андоваҳои минералӣ, рангҳои аккрилӣ,  хишти ороишӣ, ширеши сохтмонӣ, қубурҳои бетонӣ  ба роҳ монда шудааст.

Афзалияти саноати масолеҳи сохтмонӣ пеш аз ҳама дар вусъати саҳмгузории он ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти торафт афзудаистодаи иншооти бузурги сохташавандаи гидроэнергетикӣ, роҳсозӣ, биною иншооти иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ ва истиқоматӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва мусоидат ба даромаднокии аҳолӣ, бо ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар мамлакат таҷассум меёбад.

Рушди асосии соҳа пас аз қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» № 81 аз 1  марти соли 2005,  қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №172 аз 3 апрели соли 2007  оид ба «Тасдиқи Низомнома дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва №566 аз 1 октябри соли 2009 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо» ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 №172, инчунин имтиёзҳое, ки ба корхонаҳои соҳа аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ дода шудаанд сурат гирифт.

Агар солҳои 90-уми қарни гузашта дар саноати масолеҳи сохтмонии ҷумҳурӣ 32 корхонаҳои саноатӣ ва ташкилотҳои хизатрасонии соҳа арзи вуҷуд дошта бошад, соли 2000 ба 46 адад, соли 2005 ба 94 адад, соли 2010 ба 207 адад, соли 2015 ба 472 ва 2018 миқдори корхонаю коргоҳҳо ба 508 адад расидааст. Шумораи коргарони корхонаҳои соҳа 9703 нафарро ташкил медиҳад, ки назар ба соли 1991 қариб се маротиба зиёд аст.

Музди миёнаи меҳнат ду маротиба афзоиш ёфтааст. Музди миёнаи меҳнат дар ҶДММ “Хуаксин Ғаюр семент”- 3100 сомонӣ, “Сементи Тоҷик”- 1700 сомонӣ, корхонаҳои хиштбарорӣ, қуму шағал, коркарди санг зиёда аз 1100 сомонӣ мебошад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 корхонаҳои калони соҳа ифтитоҳ ёфтаанд, ки дар онҳо 2,8 ҳазор ҷойҳои кории нав муҳайё гардидааст. Иқтидорҳои нав асосан дар самтҳои истеҳсоли семент, хишт, гаҷкартон, сангҳои ороишӣ, қуму шағал сохта ба истифода дода шудаанд.

Истеҳсоли намудҳои  асосии маҳсулот дар соли 1992 ва солҳои  2014-2018

Номгӯи масолеҳ 1992 2014 2015 2016 2017 2018
1 Семент, ҳ. тн 446,8 1149,3 1412,0 2001,3 3117,2 3844,2
2 Қуму шағал, ҳ. м3 168,8 862,0 1100,0 1241,3 1041,1 1232,2
3 Хишт, млн.дона 102,7 164,6 160,0 175,6 180 202,0

Истеҳсоли масолеҳи асосӣ аз ҷумла, семент аз 446,8 ҳазор тоннаи соли  1992 соли 2018 ба 3,8 миллион тонна, маводи ғайримаъданӣ аз 168,8 ҳазор м3 ба 1,1 миллион метри мукааб, ва масолеҳи деворӣ аз 102,7 млн. дона ба 202,0 млн. дона расид.

Давоми солҳои охир бо истифода технологияҳои иноватсионӣ ва ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз ҷумла, сементбарорӣ, истеҳсоли хишт, маводҳои ғайримаъданӣ, коркарди санг сохта шуда, масулотҳои нави воридотивазкунанда- семент, гаҷкартон, сангҳои ороишӣ, пахтаи минералӣ аз санг, андоваҳои минералӣ, рангҳои аккрилӣ, қубурҳои пластмассӣ, хишти ороишӣ, ширеши сохтмонӣ, қубурҳои бетонӣ  ба роҳ монда шуд.

То соли 2013 ба миқдори зиёди семент ворид мегардид. Соли 2013 тибқи ҳисоботи оморӣ ба ҷумҳурӣ 1052,1 ҳазор тонна семент ба маблағи 105,2 миллион доллар ворид гардида буд. Ин нишондиҳанда дар соли 2018 ба 39,2 ҳазор тонна (4,7 миллион доллар) расид, ки нисбати соли 2013 чандин маротиба кам мебошад.

Истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ аз нимаи дуюми соли 2013 рушд ёфта, сохтмон ва азнавтаҷҳизонии корхонаҳои калон амалӣ гардид.

Бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои бузурги сементбарорӣ – ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон бо сармояи 120,0 миллион доллар, ҶДММ “Тоҷ Чайна 2013”-и шаҳри Ваҳдат бо сармояи 83 миллион доллар,  ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Суғд семент»-и  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сармояи 150,0 миллион доллар, ҶДММ “Чунгтсай Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон бо маблағгузории 145,0 миллион доллар, ба фаъолият оғоз намуданд. Ду хумдони сементбарории ҶСК «Сементи Тоҷик» бо иқтидори солонаи 360 ҳазор тонна семент ба истифодаи ангишт гузаронида шуд.  Корхонаҳои мазкур бо дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, сементи баландсифат истеҳсол менамоянд.

Бо зиёдшавии шумораи корхонаҳои калони соҳа ҳаҷми истеҳсоли масолеҳ афзуда, арзиши  он дар бозор паст рафта истодааст. Масалан нархи 1 дона хишт аз 80 дирам ба 50 дирам, 1 кг семент аз 1,2 сомонӣ ба 80 дирам расид.

Имрӯз сохтмони иншооти аср – НБО “Роғун”,бунёди биноҳои баландошёна ва дигар иншоотҳои бунёдшаванда бо сементи ватанӣ пурра таъмин шуда истодаанд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 16 корхонаҳои сементбарорӣ мавҷуд аст, ки иқтидори истеҳсолии онҳо 5,6 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Шумораи ҷойҳои корӣ дар онҳо ба 3359 нафар баробар аст.

Дар 11 моҳи соли 2019 3,9 мииллион тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 350,0 ҳазор тонна зиёд мебошад. Аз ин миқдор 1,5 миллион тонна ба Ҷумҳуриҳои Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон содирот карда шудааст.

Истеҳсоли қуму шағал

Дар ҷумҳури 179 корхонаҳои истеҳсоли қуму шағал фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 1991 нафар коргарон кор мекунанд. Дар  11 моҳи  соли 2019  1,3 миллион метри мукааб қуму шағал ба маблағи 45,1 миллион сомони истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 281,4 ҳазор метри мукааб зиёд аст. Бинобар сабаби номусоидии обу ҳаво дар фасли зимистон ва аввали баҳор ҳаҷми корҳои сохтмонӣ кам мегардад. Аз ин рӯ, корхонаҳои истеҳсоли қуму шағал ба таври мавсимӣ аз моҳҳои апрел то ноябр фаъолият менамоянд.

Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд корхонаҳои ҳатмӣ сохта ба истифода дода шаванд, ки ба номгӯи онҳо истеҳсоли қуму шағал низ шомил аст. Мутаассифона, дар 15 ноҳия, аз ҷумла ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Дарвоз, Тоҷикобод ва ғайра чунин корхонаҳо мавҷуд нест. Вобаста ба ин, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мактуб ирсол карда шудаст.

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир ҷиҳати рушди саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар ҳудуди дарёҳои Душанбе, Варзоб, Кофарниҳон, Элок ва Хонақо сохтмони корхонаҳои  қуму  шағал хеле зиёд гардидааст.

Бо вуҷуди истихроҷи шағал, қум ва санг аз дохили дарёҳо мувозинати табии маҷрои дарёҳо ба таври сунъӣ тағйир ёфтанд. Қитъаҳои маҷро паст фаромада, дарёҳо мувозинати табиии худро гум кардаанд.

Корхонаҳои хиштбарорӣ

Шумораи умумии корхонаҳои истеҳсолкунандаи хишти сохтмонӣ  129 ададро ташкил медиҳад, ки онҳо асосан ба таври мавсимӣ фаъолият менамоянд. Дар онҳо 2317 нафар коргарон кор мекунанд.

Дар 11 моҳи соли 2019 154,4 миллион дона хишти сохтмонӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,9 миллион дона зиёд аст.

Аз сабаби он ки корхонаҳои хиштбарорӣ хишти истеҳсолнамудаи худро бо тарзи табиӣ (зери таъсири нури офтоб) хушк мекунанд, дар мавсими тирамоҳу зимистон фаъолияти худро муваққатан қатъ менамоянд. Бо оғоз гардидани мавсими гармӣ, моҳи март корҳои таъмирии хатҳои технологии худро анҷом дода, моҳи апрел ба фаъолияти мунтазами истеҳсолӣ оғоз менамоянд.

Бояд қайд кард, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои истеҳсоли хишт вуҷуд надоранд. Вобаста ба фаъолияти мунтазам намудани корхонаҳои хиштбарорӣ ба роҳбарияти корхона дастур дода шудааст, ки анборҳои нигоҳдории ашёи хом ва маҳсулоти тайёрро сохта фаъолияти худро дар тамоми сол ба роҳ монанд.

Истеҳсоли шифер

Дар ҷумҳурӣ 7 корхонаи шифербарорӣ фаъолият менамояд, ки аз ин шумора  2  дар  вилояти Суғд,  2-тогӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор ва 1-то дар вилояти Хатлон ҷойгир мебошанд.  Иқтидори умумии онҳо 2,0 миллион донаро ташкил медиҳад. Дар 11 моҳи соли 2019  1,3 миллион дона шифер ба маблағи 38,7 миллион сомонӣ истеҳсол гардидааст. Дар онҳо 114 нафар коргарон кор мекунанд.

Бо назардошти фаъолияти мунтазами корхонаҳои мазкур истеҳсоли шифер зиёд гардида, воридоти он кам гардида истодааст.

Лозим ба ёдоварист, ки маҳсулоти истеҳсолгардида ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда мебошад.

Истеҳсоли намудҳои асосии масолеҳи сохтмонӣ дар  солҳои 2014-2018 ва 11 моҳи соли 2019

Номгӯи масолеҳ Воҳиди ченак 2014 2015 2016 2017 2018 11 моҳи 2019
Соҳаи масолеҳи сохтмонӣ миллион  сомонӣ 978,3 1300,0 2194,7 2219,4 2436,4 2559,9
Семент млн. тн 1,1 1,4 2,0 3,1 3,8 3,9
Қуму шағал ҳазор м3 862,0 1122,2 1241,3 1101,0 1232,2 1388,3
Масолеҳи деворӣ млн.дона 164,6 160,0 175,6 180 207 219,5
Хишти сабук ҳазор м3 0,0 0,0 10,4 14,1 17,0 32,7
Оҳак ҳазор тн 8,6 14,0 14,6 12,0 15 11,5
Гаҷ ҳазор тн 13,0 8,3 8,8 8,7 9,6 9,6
Масолеҳи мармарӣ ҳазор м2 6,8 7,0 6,6 6,9 9,0 15,5
Гачкартон млн. дона 0,0 0,02 0,3 1,5 2,5 1,3
Ротбанд тонна 0,0 0,0 0,0 202,1 289,1 300,1
Андова ҳ.тн 1,4 1,8 0,8 1,2 2,4 2,1
Шифер ҳазор дона 8,0 9,7 133 302 915 1298,1