Ҷамъбасти фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати ангишт дар ёздаҳ моҳи соли 2019

ugol

Дар ҷамъбасти ёздаҳ моҳи соли равон 11 корхонаҳои соҳаи саноати ангишт дар 9 конҳои ангишти ҷумҳурӣ фаъолият намуда, дар маҷмуъ 1 млн 930 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 195,8 ҳазор тонна зиёд мебошад. Захираи ангишт бо дар назар доштани бақияи соли сипаригардида дар анборҳои корхонаҳо то 1 декабри соли равон зиёда аз 422 ҳазор  тонна аз ҷумла, дар ҶДММ “Талко-Ресурс” -293,7 ҳазор тонна мавҷуд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳаҷми умумии истихроҷи ангишт 45,7 % ба КФ “Шахтаи Фон-Яғноб”, 19,6 % ба  Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ “Корхонаи металлургии Тоҷик”, 18,3% ба ҶДММ “Талко- Ресурс”, 10,1% ба КФ “Зиддӣ”  ва  6,3 % ба дигар корхонаҳо рост меояд.

Фурӯши ангишт дар ин давра 1 млн 866 ҳазор тонна аз ҷумла, ба Маркази барқу гармидиҳӣ-2 шаҳри Душанбе 992812,6 тонна (ё 53,2% аз ҳаҷми умумии фурӯши ангишт), корхонаҳои саноатӣ –588437,7 тонна    (31,6 %), аҳолӣ- 212572,7 тонна (11,3 %), муассисаҳои буҷетӣ -56746,7 тонна (3,0 %) ва содирот 16019,0 тоннаро (0,9 %) ташкил дод.

Ҳаҷми содироти ангишт  дар давраи ҳисоботӣ  16 ҳазор тонна аз ҷумла, ба ҷумҳуриҳои Исломии Покистон -12887 тонна ва  Ӯзбекистон – 3152 тоннаро ташкил дод.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар давраи тирамоҳу-зимистони солҳои 2019-2020 ин захира намудани 1 млн 100 ҳазор тонна ангишт барои эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳии-2 шаҳри Душанбе ва дегхонаи «Шарқӣ» буд.

Таҳвили умумии ангишт ба Маркази барқу гармидиҳӣ-2 шаҳри Душанбе нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 198631 тонна зиёд гардид.  Қарзи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба ҳолати 01.12.2019 дар назди КФ “Шахтаи “Фон-Яғноб” 81,1 млн сомонӣ ва ДИА-и ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик” 35,1 млн сомонӣ, ҷамъ 116,2 млн сомониро ташкил медиҳад.

Новобаста аз мушкилотҳои молиявӣ ва техникӣ, корхонаҳои соҳаи ангишт  иҷрои нақшаи истихроҷ, таминот, корҳои қабаткушоӣ, омодасозӣ, нақбканӣ ва таъмиру барқароркуниро барзиёд таъмин намуданд.

Ҳаҷми корҳои қабаткушоӣ дар корхонаҳои соҳа ба 9 млн м3 расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 2,27 млн м3 зиёд мебошад. Ҳаҷми корҳои омодасозӣ, нақбканӣ ва таъмиру барқароркунӣ бошад ба 12710 м/ тулонӣ (п/м)  расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 170,1% зиёд мебошад.

Бо мақсади роҳандозии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бо тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт аз ҷониби КФ “Шахтаи “Фон-Яғноб”, ҶДММ “Дион ангишти Тоҷикистон”, Департаменти истихроҷи ангишти  ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик”, ҶДММ “Қудрат-2010” ва КФ “Зиддӣ” чораҳои дахлдор андешида шуда, дар давраи ҳисоботӣ  ба маблағи 43,2 млн сомонӣ техникаҳои карерӣ ва таҷҳизот барои тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт  (аз ҷумла, 3 дастгоҳи нақбканӣ) харидорӣ карда шудааст.

Дар соли равон аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ истихроҷи ангишт бо тарзи зеризаминӣ ба 5,5 % ва кушод 94,5 % расонида мешавад.