Муҳтарам Рустами Эмомалӣ,

Коллективи кормандони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи сипос ва самимияти беандоза Шуморо ба муносибати зодрӯзатон табрику муборакбод менамояд.

Фаъолияти пурмасъули Шумо, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушду нумӯи бахшҳои гуногуни Пойтахти азизамон шаҳри Душанбе хело назаррас буда, бо талошҳои пайвастаи Шумо Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муҳлати кӯтоҳ куллан симои худро дигар кард.

Боварии комил дорем, ки бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Душанбе то таҷлили 30 –солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ин бештар рушд намуда, ба як шаҳри орову дилкаш, орому осуда мубаддал мегардад.

Бори дигар Шуморо муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рӯзи зодрӯзатон аз самими қалб, бароятон сиҳативу саломатӣ, хушбахтӣ ва дар фаъолияти гуногунҷабҳаатон баҳри гулгулшукуфоии Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯзиҳои беназири нав ба навро  орзу менамоем.

Бо камоли эҳтиром, аз номи коллективи

меҳнатии Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон