Фаъолияти корхонаи соҳаи саноати хӯрокворӣ ҶСП «Оби Зулол» ва самтҳои рушд

смузи мокап

Бо мақсади зиёд намудани намуди маҳсулотҳои нав аз ҷониби ҶСП «Оби Зулол» 2 хатти технологии муосири истеҳсоли ширкати «NAVATTA GROUP» -и Ҷумҳурии Италия ба маблағи 18,5 миллион сомонӣ ворид гардид. Иқтидори истеҳсолии  хатти технологии 1-ум бо банду басти 12 миллион қуттии шартӣ дар 1 сол ва хатти технологии 2-юм бо иқтидори истеҳсолии 8,4 миллион литр дар 1 сол дар зарфҳои шишагӣ ва намуди  “ДОЙ ПАК”   ҳаҷмашон аз 90 то 500 миллиграм бо усули резиши хунук ва гарм (горячий розлив) мебошад.

Бо васли хатҳои нави технологӣ дар корхона, истеҳсоли 81 намуди маҳсулотҳои нав аз ҷумла, ғизои кӯдакона дар зарфи «ДОЙ ПАК» (90 гр.) – 9 номгӯй, смузи “Нури Зулол” (120 гр.) – 4 номгӯй, шарбат “TOJ” (200 гр.) – 5 номгӯй, мураббои ғафс “Нури Зулол” (200 гр.) – 5 номгӯй инчунин нушокиҳои ташнашикан ва чойҳои бренди “RC Cola” дар зарфҳои шишагӣ – 16 номгӯй, обҳои минералӣ ва бегази брендии “Оби Зулол” – 4 номгӯй, шаҳду шарбат ва нушокиҳои шарбатдори  брендии “Нури Зулол” (аз он ҷумла Премиум) – 34 номгӯй ва нушокиҳои  Алоэ Вера – 4 номгӯй ба роҳ монда шудааст.

смузи мокап Пюре Нури Зулол Пюре Ням Ням Нектары Точ