Баргузории ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти ҷамъбастии соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020

14 январи соли 2019 ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи саноати ҷумҳурӣ дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндаҳо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, намояндаҳои Вазорат дар вилоятҳо ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ иштирок доштанд.

Ҷаласаро Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзуллозода Заробиддин Қудрат оғоз намуда, нахуст дастуру ҳидоятҳо ва нуқтаҳои муҳими соҳаро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 ироа гардида буд, ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода, оид ба иҷрои саривақтии он ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Дар рафти ҷаласа қайд гардид, ки соли сипаригардида барои саноатчиён соли хотирмон буда, мулоқоти Президенти кишвар – Пешвои миллат бо саноатчиёни мамлакат, ки 14 октябри соли 2019 баргузор гардида буд аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ба соҳаи саноат гувоҳӣ медиҳад. Ин мулоқот саноатчиёни мамлакатро бори дигар водор месозад, ки ҷиҳати амалишавии ҳадафи чоруми стратегии давлат ва гузариши иқтисодиёти мамлакат аз самти аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ фаъолияти пурсамар намуда дар рушди иқтисодёти кишвар саҳми худро гузоранд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки дар натиҷаи таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбари давлат ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ саноатчиёни кишвар дар соли 2019 дар самтҳои гуногуни саноат фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 27 миллиарду 586,6 млн сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 3 млрд 809,4 млн сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиш 113,6 фоизро ташкил дод.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бошад дар саноати ангишт 114,2%, саноати маъдани кўҳӣ 117,6%, саноати масолеҳи сохтмон 114,3%, саноати сабук 123,6%, саноати мошинсозӣ 129,6%, саноати табъу нашр 109%, саноати хӯрокворӣ 109,2%, корхонаҳои пахтатозакунӣ 102,5%, нафт ва газ 117,6% ва электроэнергетика 119,6%-ро ташкил додааст.

Қайд гардид, ки 256 корхонаҳои азими саноатӣ фаъолияти худро бо афзоиш ҷамбаст намуда, ба маблағи 14,6 млрд сомони маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки аз ин ҳисоб нисбат ба соли 2018 ба маблағи 4,6 млрд сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар ин раванд, ба масъулини соҳаҳо дастур дода шуд, ки барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии кишвар аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода баранд.