Натиҷаи воридоти технологияҳои муосир ва татбиқи он дар истеҳсолоти ватанӣ

03-2-696x3801

images12Саноатчиёни мамлакат иқдоми наҷибонаи Сарвари давлатро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати инкишофи устувори минбаъдаи кишвар дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ, ки ҳадафи асосии фаъолияти Президент ва Ҳукумат арзёбӣ гардидааст, дар сархати вазифаҳои аввалиндараҷаи кори худ барои соли 2019 қарор додаанд.

Дар робита ба ҳадафи чоруми миллӣ – эълон гаштани саноатикунонии босуръати кишвар самаранокӣ ва сифати барномаҳои қабулгардидаю лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва зиёд намудани ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар, ки соли 2019 ба 17,4 фоиз расонида шуд.

Ислоҳоти иқтисодӣ доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкории амалигардида имкон дод, ки дар давоми даҳ соли охир нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, рушди воқеии иқтисодиёт ба ҳисоби миёна 7 фоиз таъмин карда шуд.

Ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2019 аз ҷониби 63 корхонаҳои саноатӣ равона гардидани 903 млн сомонӣ, аз ҷумла 598,7 млн сомонӣ барои воридоти хатҳои технологӣ ва 305 млн сомонӣ барои техника ва таҷҳизотҳои карерӣ ва шахтавӣ мусоидат намуд.

Соли 2019 ҳаҷми маблағгузорӣ нисбат ба соли 2018  146 млн сомонӣ зиёд гардида, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ танҳо аз ҷониби корхонаҳои боло зикр 8 млрд сомониро ташкил дод.

Дар маҷмӯъ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ соли 2019 ба 27,6 млрд сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2018 3,8 млрд сомонӣ зиёд мебошад.

Маблағгузорӣ дар соҳаи саноати масолеҳи сохтмон ба маблағи 12 млн сомонӣ, саноати сабук ва пилла ба маблағи 68,4 млн сомонӣ, соҳаи саноати ангишт ба маблағи 56,4 млн сомонӣ, саноати хӯрокворӣ ба маблағи 166 млн сомонӣ, саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо ба маблағи 537,7 млн сомонӣ ва саноати мошинсозӣ ба маблағи 63,2 млн сомонӣ техника ва таҷҳизоти нави технологӣ ворид карда шуд.

Соли 2019 дар соҳаи саноат 219 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 2942 ҷойи корӣ, аз ҷумла, дар вилояти Суғд 59 бо 969 ҷойҳои кории нав, вилояти Хатлон 57 корхона бо 678 ҷойҳои кории нав, ВМКБ 3 корхона бо 87 ҷойҳои кории нав, шаҳри Душанбе 60 корхона бо 812 ҷойҳои кории нав ва НТҶ 40 корхона бо 386 ҷойҳои кории нав сохта ба истифода дода шуд.

Аз шумораи умумии корхонаҳои нав 38 корхона ба соҳаи мошинсозӣ, 53 корхона ба  саноати сабук,  50 корхона ба соҳаи масолеҳи сохтмон, 62 корхона ба саноати хӯрокворӣ, 2 корхона ба саноати маъдан, 1 корхона ба саноати ангишт, 5 корхона ба соҳаи табъу нашр ва 8 корхона ба дигар соҳаҳо рост меояд.

Ин натиҷаҳо бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар ба соҳаи саноат ва бунёди корхонаҳои нави муҷаҳҳаз ба технологияҳои нав ва кластерҳои саноатии дорои сикли пурраи истеҳсолот – аз коркарди ашёи хом то маҳсулоти тайёр фароҳам гардиданд.

Соли 2019 рушди саноат дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардида, дар ВМКБ 109,3%, вилояти Суғд 112,9%, вилояти Хатлон 113,2%, шаҳри Душанбе 121,2% ва НТҶ 141,1%-ро ташкил дод.

Соли 2019 аз ҳисоби корхонаи нав ба маблағи 583 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, аз маблағи умумӣ 219,7 млн сомонӣ 92 корхона, ки аз дигар самт ба саноат гузаштанд, 213 млн. сомонӣ 74 корхонаҳои барқароршуда ва 150,3 млн сомонӣ 46 корхонаи навтаъсис  ташкил медиҳад.

Корхонаҳои сохта ва ба истифода додашуда равғани растанӣ, тахтасанги мармарӣ, қаннодӣ, мебел, пахтаи тиббӣ, маводи доруворӣ, маҳсулоти трикотажӣ, маҳсулоти филизӣ, собун ва маводи шустушӯи, қубури пластикӣ, шруп, мурват, пармамехи гуногун, халтаи полипропеленӣ, маводи полиграфӣ, қуттии қоғазӣ, ҳасиб, маҳсулоти кандакорӣ, асбоби барқӣ, ҷӯробу пайпоқ, макарон, қуму шағал, орд, меваи хушк, шири холис, маҳсулоти қолинӣ, қубури асбестӣ, гӯшти мурғ, ноқилҳо, арматура, либоси мактабӣ ва масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол менамоянд.