ИСТОДАГИРӢ БА ТЕРРОРИЗМ

Тайи солҳои охир инсоният ба хатари ҷиддие мисли терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд ва зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

Дар солҳои баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ибтидои солҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҳам бар асари таъсири омилҳои айнӣ ва ҳам зеҳнӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурӯҳу созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода мекарданд ва ниҳоят ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Дар ҷараёни майдоннишиниҳо, ба гаравгон гирифтани вакилони мардумӣ, фишор овардан ба онҳо дар ҷараёни кори Парлумон, сӯиқасд ба ҷони кормандони боломақоми давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ғасби биноҳои ҳукуматӣ ва ҳамонанди инҳо як амри муқаррарӣ шуда буд. Дар ин марҳилаи пурҳаводис гурӯҳи осебпазир пеш аз ҳама ва беш аз ҳама қишри ҳассоси ҷомеа – ҷавонон маҳсуб меёфт, ки ин як фоҷеаи бузург барои миллати тоҷик буд.

Ин ҷо мо як қатор сабабҳои айниеро меорем, ки барои паҳншавии ифротгароии заминаи динӣ дошта ва терроризм дар Осиёи Марказӣ ва хусусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат карда, ба истиқлолияти комили давлатӣ хатар эҷод месотанд:

Якум. Баъди шикасти идеологияи коммунистӣ холигии идеологие пайдо гардид. Ин холигӣ, махсусан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар минтақае, ки аксари аҳолияш вобастаи анъанаҳои мусулмонӣ буд, баръало эҳсос мешуд. Ин холигиро амалан идеологияи исломӣ пур мекард. Ҷомеаҳои мусулмонӣ ангезаҳои таҳрикбахшеро барои инкишоф ва худсобиткунӣ ба ҳайси қувваҳои ҷамъиятии қобили аҳамият пайдо намуданд.

Дуюм. Худшиносии миллии халқҳое, ки акнун давлатдории худашонро барқарор намуда буданд, хеле боло рафт. Дар шароити бисёрмиллатии аҳолии чунин кишварҳо ба мисли Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон омили исломӣ ба нишонаи асосии ҳуввияти шаҳрвандӣ мубаддал гардида буд. Барои ҳамин, доираҳои ҳукмрони ин кишварҳо ҳаматарафа раванди эҳёи анъанаҳои исломиро дастгирӣ мекарданд. Дар баъзе кишварҳо таъсири рӯҳониёни мусулмон ба дараҷае баланд гардид, ки онҳо на танҳо даъвои ҳокимияти динӣ, балки ҳокимияти сиёсиро низ доштанд.
Сеюм. Ғайр аз мақсадҳои васеъ кардани доираи нуфузи фарҳангӣ доираҳои муайяни кишварҳои мусулмонии хориҷаи дур мақсадҳои мушаххаси иқтисодӣ низ доштанд. Манфиатдор будани доираҳои алоҳидаи соҳибкорони ҷаҳони исломӣ барои дастёбӣ ба захираҳои бойи табии минтақаҳои Осиёи Марказӣ бо пардаи идеологии ташкили «ҷаҳони ягонаи исломӣ» рӯйпӯш шуда буд.

Чорум. Сиёсишавии ислом ва истифодаи фаъолонаи он аз тарафи доираҳои сиёсии як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ба даст овардани манфиатҳои гурӯҳиашон омили муҳим гардид. Дар баъзе ҳолатҳо дини мубини исломро гурӯҳҳои ғаразхоҳ ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва дигар фаъолиятҳое, ки баъзан характери ҷиноӣ ба худ гирифта буданд, пайваст намуданд.

Панҷум. Аз ҷониби баъзе роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дуруст баҳо наёфтани паҳншавии ифротгароии динӣ, саривақт наҷустани чораҳо ба муқобили ин раванд ба пуршиддат гаштани вазъият мусоидат намуд. Дар маҷмуъ қатъ гардидани тамоюли робитаҳои анъанавӣ дар байни давлатҳои муштаракулманофеъ ба он оварда расонд, ки дар муқобили паҳн гардидани ифротгароии исломӣ роҳбарони ин кишварҳо оҷиз монданд.

Дар поён дар чанд нуқта роҳҳои пешгириро қайд карданро мувофиқи мақсад мешуморам:

– дар бораи мубориза бо ифротгароӣ ва хатари он боз ҳам бисёртар баргузор намудани конфронсу маҷлисҳо бо ҷалби қишрҳои васеи аҳолӣ. Дар ин замина, Ҳукумати Тоҷикистон чорабиниҳои зиёд рӯи даст гирифтааст. Яке аз ин чорабиниҳо ҷашнгирии 1310–солагии Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва соли 2009–ро эълон намудани Соли бузургдошти ин фақеҳи бузург ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ буд, ки бо таври хоса ва густурда таҷлил гардид;

– сарчашмаҳои молиявии созмонҳои ифротгаро ва террористи ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар муайян ва нест карда шаванд;

– террористон аз сарчашмаҳои ҷалби маблағ, аслиҳа, воситаҳои моддӣ ва ғайра маҳрум карда шаванд;

– марказҳои таъминоти идеологӣ ва дастгирии террористон, марказҳои тарбияи онҳо мушаххас ва аз байн бурда шаванд;

– маҳдуд намудани имконияти истифодаи террористон ва ифротгароён аз ВАО;

– корҳои таблиғотӣ, тарбиявӣ, фаҳмондадиҳӣ, суҳбатҳои инфиродӣ, чопи китобҳо, дастурҳои омӯзишӣ, мақолаҳои таҳлилӣ, тарбияи динию маънавӣ, барномаҳои телевизиониву радиоӣ, мулоқоту вохӯриҳо бо шаклу усули нав ва ғайраҳо.

Хулоса, ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.

Итминони комил дорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди тоҷик дар ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузошта, баҳри таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти комили Ватан хидматҳои шоиста хоҳанд кард.