Шиносоӣ аз фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии ноҳияи Рӯдакӣ

IMG_20200207_093911_HDR

IMG_20200207_111341_HDRИмрӯз 7 феврали соли 2020 роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуданд.

Зимни ташриф аз фаъолияти истеҳсолии ҶДММ фабрикаи қаннодии «Амирӣ», ҶДММ «Тоҷ Фейза», ҶДММ «Самарқанд М», ҶДММ «Мавлонои Румӣ» самти фаъолият истеҳсоли қолинҳо ва ҶДММ ТТ «Лифт Эрна» самти фаъолият истеҳсоли лифт барои биноҳои баландошёна, шиносоӣ ба амал оварда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки фаъолияти корхонаҳои қолинбофии ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи амалишавии «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» оғоз гардида, дар раванди амалигардонии ҳадафҳои саноатикунонии кишвар, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат намуда истодаанд.

IMG_20200207_103318_HDRБо сармоягузории ширкати туркӣ ҶДММ ТТ «Лифт Эрна» таъсис дода шуда, истеҳсоли номгӯи нави маҳсулот – лифтҳои гуногунҳаҷм барои биноҳои баландошёна дар асоси фармоиш ба роҳ монда шудааст.

Дар ҷараёни боздид ба роҳбарияти корхонаҳои мазкур бо истифода аз шароитҳои фароҳамовардашуда афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли махсулот дарёфти бозорҳои нав ва тақвияти содирот тавсияҳо дода шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *