Нишасти матбуотӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

photo_2020-02-10_17-02-24

Имруз дар Дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Баргузории нишасти мазкурро Вазири саноат ва технологияҳои нав оғоз намуда, қайд намуданд, ки дар соли 2019  маҳз бо ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноати мамлакат рушд ёфта, ҳиссаи саноат дар ММД 17,4%-ро ташкил дод.

Гуфта шуд ки, дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 27 млрд 586,6 млн сомонӣ расонид, ки суръати афзоиш нисбат ба соли 2018 113,6%-ро ташкил дод ва ин аз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соли 2018 3 млрд 809,4 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Баъдан намояндагони ВАО вобаста ба соҳаи саноат саволҳо пешниҳод намуда, ба саволҳои худ посухҳои мухтасарро гирифтанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *