Маълумоти мушаххас оид ба фаъолияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019

вазорат

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 тибқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар ҷумҳурӣ ба 27 млрд 586,6 млн сомонӣ расонид, ки суръати афзоиш нисбат ба соли 2018 113,6%-ро ташкил дод ва ин аз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соли гузашта 3 млрд 809,4 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳиссаи соҳаҳо дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2019:

Номгӯи соҳаҳо

ЯНВАР-ДЕКАБР

2019 2018

Суръати афзоиш бо%

Фарқият (+ ; -)

Ҳиссаи соҳаҳо бо %

С.маъдан 6963628,6 5917634,9 117,7 1045993,7 25,2
С.хӯрокворӣ 5373383,8 4921913,6 109,2 451470,2 19,5
С.сохтмон 2753720,4 2408277,8 114,3 345442,6 10,0
С.ангишт 327839,6 287147,5 114,2 40692,1 1,2
С.сабук 1386982,1 1121868,6 123,6 265113,5 5,0
С.пахтатозакунӣ 1511004,8 1474859,4 102,5 36145,4 5,5
С.мошинсозӣ 2029369,5 1566249,8 129,6 463119,7 7,4
аз он ҷумла,
КВД “ШАТ” 440314,0 414710,0 106,2 25604,0 1,6
С.табъу нашр 259764,7 238320,0 109,0 21444,7 0,9
С.нафт ва газ 175052,9 148806,4 117,6 26246,5 0,6
Элект.ва тақс. об 6805853,0 5692170,1 119,6 1113682,9 24,7
ҶУМҲУРӢ 27586599,4 23777248,1 113,6 3809351,3 100,0

Безымянный111

Минтақаҳо Истеҳсоли маҳсулот

(млн сомонӣ)

Суръати афзоиш

(бо %)

Фарқият

(+;-)

Ҳиссаи соҳаҳо

бо %

2019 2018
Дар ҷумҳурӣ 27 586,6 23 777,2 113,6 3 809,4 100,0
ВМКБ 237,9 213,2 109,3 24,7 0,9
Вилояти Суғд 12 888,4 11 184,1 112,9 1 704,3 46,7
Вилояти Хатлон 8 507,2 7 360,7 113,2 1 146,5 30,8
Шаҳри Душанбе 2 711,3 2 191,3 121,2 519,9 9,8
НТҶ 2 787,4 1 935,1 141,1 852,3 11,8

 Таносуби минтақаҳо дар таркиби маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ дар соли 2019

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 57,7% ба саноати коркард, 24,7% ба соҳаи электроэнергетика ва 17,6% ба саноати истихроҷ рост меояд.

Истеҳсоли маҳсулоти нави саноатӣ дар соли 2019

Дар давраи ҳисоботӣ маҳсулотҳои нави саноатӣ ба монанди хулаҳои сурбӣ, гӯшти мурғ, бастабандии хокаи ранга барои тайёр намудани нушокиҳо, истеҳсоли хокаи хушки мевагӣ барои нушокиҳои ташнашикан, уребчаҳо, сачоқчаҳои хушк, омехтаи хушки сохтмонӣ, сендвич панел, витражҳои алюминии шишадор, лифт, шланги поливинихлоридї (ПВХ), мошинҳои боркаш, яхдон, қолабҳои зарфҳои пластикӣ, сарпӯшакҳо, фарши рӯйпӯши тахтагин, сутунчаҳои нақшини мармарӣ, панҷараи зина аз мармар, шишаи мулоим, блок – контейнерҳо истеҳсол карда шудааст. 

Ҳаҷми содироти маҳсулот дар соли 2019

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 11 млрд 379,9  млн сомонӣ (1174,4,6 млн доллари ИМА) маҳсулот содирот карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 979,6 млн сомонӣ (101,1 млн доллари ИМА) зиёд буда, суръати афзоиш 109,4%-ро ташкил медиҳад.

Аз маҳсулоти содиротшуда ба маблағи 9 млрд 540.8 млн сомони (984,6 млн доллари ИМА)  ба соҳаи саноат рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 793 млн 611 ҳазор сомони (81,9 млн доллари ИМА) зиёд мебошад.

Маҳсулотҳои содиротшудаи корхонаҳои соҳавӣ ба монанди: алюминии аввалия – 96,8 ҳазор тонна, маъданҳои тозакардашуда -316,5 ҳазор тонна, семент – 1537,3 ҳазор тонна, ангишт -18,2 ҳазор тонна, намак -2300 тонна, ресмони пахтагӣ -18,5 ҳазор тонна, чарм -3,9 ҳазор тонна, консерваи меваю сабзавот -273 тонна, шарбатҳо ва шираи растаниҳо 545 тонна, нахи пахта 94,1 ҳазор тонна, масолеҳи рангубор 125,6 тонна, гаҷкартон 399,6 ҳазор донна, маҳсулоти дӯзандагӣ 156,8 млн сомонӣ (либосҳои пахтагини занона ва мардона 16,9 млн сомонӣ, шим аз матои ҷинс 130,7 млн сомонӣ, либосҳои варзишӣ 576 ҳазор сомонӣ, куртаи мардона 2,6 млн сомонӣ, маҳсулоти кешбофӣ 432 ҳазор сомонӣ ва дигар намуди маҳсулоти дузандагӣ 4,4 млн сомонӣ), профилҳои алюминии рӯйпуш 1439,3 тонна, қубур ва профилҳои металлӣ 542,4 тонна, 26 трактор, фториди алюминий 2620,4 тонна ва сангҳои ороишӣ 356,6 м2 ба ҳисоб мераванд.

Шумораи умумӣ ва таъсисёбии корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар соли 2019

Дар соли 2019 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2164 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда ба қайд гирифта шудаанд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ

219 корхонаву коргоҳои нави саноатӣ бо таъсиси 2942 ҷойҳои кории нав сохта ба истифода дода шудаанд.

Аз ҷумла:

Вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо Январ – декабри соли 2019
Шумораи корхона ва коргоҳ Ҷойҳои кории нав (нафар)
1 ВМКБ 3 87
2 Вилояти Суғд 59 969
3 Вилояти Хатлон 57 678
4 Шаҳри Душанбе 60 812
5 НТҶ 40 386
  Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 219 2932

Аз шумораи умумии корхонаҳои нав 38 корхона ба соҳаи мошинсозӣ, 53 корхона ба  саноати сабук,  50 корхона ба соҳаи масолеҳи сохтмон, 62 корхона ба саноати хӯрокворӣ, 2 корхона ба саноати маъдан, 1 корхона ба саноати ангишт, 5 корхона ба соҳаи табъу нашр ва 8 корхона ба дигар соҳаҳо рост меояд.

Дар соли 2019 барои таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти нави технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат 903,7 млн сомонӣ маблағ сармоягузорӣ карда шудааст.

Аз ҷумла, дар соҳаи саноати масолеҳи сохтмон ба маблағи 12 млн сомонӣ, саноати сабук ва пилла ба маблағи 68,4 млн сомонӣ, соҳаи саноати ангишт ба маблағи 56,4 млн сомонӣ, саноати хӯрокворӣ ба маблағи 166 млн сомонӣ, саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо ба маблағи 537,7 млн сомонӣ ва саноати мошинсозӣ ба маблағи 63,2 млн сомонӣ техника ва таҷҳизоти нави технологӣ ворид карда шудааст.

Фаъолияти корхонаву муассисаҳои соҳавӣ

1017156668Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои соҳаи саноати маъдан  ба маблағи 6,9 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро назар ба соли 2018 117,7% таъмин намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1049,2 млн миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ 25,2% ҳаҷми умумии маҳсулоти корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил намуданд.

Дар ин давра ҶДММ «Ширкати саноатӣ-кӯҳии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ КМ “Зарафшон”, ҶДММ КМ ТА «Анзоб», ҶДММ «Ширкати металлургии «Анзоб» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд карданд, аз ҷумла:

  • тилло- 126,2%;
  • нуқра- 117,0% ;
  • хокаи сурма – 66544,0 тн. ё ин, ки 2263,8 тн зиёд
  • хокаи сурб – 86771,0 тн. ё ин, ки 8480,2 тн зиёд
  • хокаи мис – 44584,4 тн.ё ин, ки 1602,8 тн зиёд
  • сурмаи металлӣ – 4415,6 тн. ё ин, ки 401 тн зиёд
  • сурби металлӣ 760 тн. ё ин, ки +760 тн зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ фурӯши маҳсулоти корхонаҳои соҳа дар соли 2019 зиёда аз 5,8 млрд сомонӣ буда, содироти он ба хориҷи кишвар 3,2 млрд сомониро ташкил дод.

b8638ca30ab3bc4fd8dad477b30e6d57Корхонаҳои соҳаи саноати хӯрокворӣ: Дар соли 2019 тибқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ 5 миллиарду 373,4 миллион  сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,2% ва ё 451,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар доираи чорабиниҳо оид ба тақвияти истеҳсолоти  маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда дар соли 2019 бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ 62 корхона ва коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ бо таъсиси 819 ҷойҳои кории нав сохта ба истифода дода шуд.

Азимтарини корхонаҳои бунёдгардида  корхонаи   истеҳсоли равғани растании ҶДММ “Корхонаи истеҳсолии “Ганҷ”-и ноҳияи Қӯшониён бо иқтидори коркарди 40 ҳазор тонна, коргоҳи истеҳсоли равғани растанӣ дар заминаи ҶДММ “25-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Спитамен бо иқтидори коркарди 14,0 ҳазор тонна зироатҳои равғанидиҳанда ва корхонаи истеҳсоли оби ошомиданӣ ва машруботии “Сиёма”-и шаҳри Душанбе бо иқтидори 23,4 миллион литр дар як сол ба ҳисоб рафта, бо ташрифи Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Бо ба истифодадиҳии корхонаҳои мазкур бори нахуст дар таърихи ҷумҳурӣ истеҳсоли шарбат, смузи, пюреҳои мевагӣ дар зарфҳои “Дой Пак” барои кӯдакон, оби ошомиданӣ дар зарфҳои шишагӣ бо бренди “Оби Зулол”, “Сиёма” ва арақи дараҷаи “Премиум” бо брендҳои “Марко Поло” ва “Сиёма”,  ки бо истифодаи спирти навъи “Алфа” истеҳсол мегардад, дар истеҳсолот роҳандозӣ гардид.

HTB1.H2zKFXXXXX2aXXXq6xXFXXXuКорхонаҳои соҳаи саноати масолеҳи сохтмон дар соли 2019 ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2018 ба маблағи 345,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.  Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 10,0 %-ро ташкил дод. Истеҳсоли семент ба 4,2 миллион тонна, рангҳои аккрилї 1,4 ҳазор тонна, хишт 159,1 миллион дона, газоблок 36,9 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 1,5 миллион метри мукааб, гаҷкартон 1,6 миллион дона ва шифер 1,4 миллион дона баробар шудааст.

Ҳаҷми содироти масолеҳи сохтмонӣ 68,4 миллион доллари ИМА ва ҳаҷми воридот 42,9 миллион долларро ташкил дод, ки содирот нисбат ба воридот 25,4 миллион доллар зиёд мебошад. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурӯши семент буда, маблағи он 68,1 миллион долларро ташкил дод. Қисми зиёди воридотро кошин (17,6 миллион доллар), шиша (9,7 миллион доллар), маснуоти санитарӣ (2,4 миллион доллар), гаҷкартон (2,8 миллион доллар) ташкил додааст.

Соли 2019 ба ҳаҷми 1,5 миллион тонна семент, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Узбекистон 890,0 ҳазор тонна, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 576,0 ҳазор тонна ва Ҷумҳурии Қирғизистон 80,6 ҳазор тонна содирот гардидааст.

Содироти гаҷкартон 399,6 ҳазор донаро ба ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Исломии Афғонистон ташкил дод.

Дар соли 2019 аввалин маротиба 356,6 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ ба маблағи 86,2 ҳазор сомонӣ аз тарафи ҶДММ “Зиркон”-и шаҳри Душанбе ба давлати Қатар содирот карда шуд.

Соли 2019 корхонаҳои истеҳсоли семент “Моҳир семент”-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ, шифербарории ҶДММ “Муқим-1”-и ноҳияи Ёвон, “Анас Одина”-и шаҳри Ҳисор, “Сомоншифер”-и шаҳри Душанбе корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ҶДММ “Зиркон” дар шаҳри Душанбе, корхонаи хиштбарории ҶДММ “Белтатекс”-и шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз намуданд.

ангиштКорхонаҳои соҳаи саноати истихроҷи ангишт дар  соли 2019 аз ҷониби 18 корхонаи соҳа  дар ҳаҷми 2 млн 27 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда шуд, ки нисбат ба соли 2018 121 ҳазор тонна зиёд буда,  дар таърихи соҳаи саноати ангишти кишвар баландтарин нишондиҳанда мебошад.

Ангиштҳои истихроҷшуда дар соли 2019 ба корхонаҳои саноатї ба андозаи 614,9 ҳазор тонна, муассисаҳои буҷавї 57 ҳазор тонна, аҳолї 259,1 ҳазор тонна ва ба Маркази барқу гармидиҳии 2  шаҳри Душанбе ба ҳаҷми 1011,4 ҳазор тонна ангишт таъмин шуданд.

Ҳаҷми содироти ангишт дар давраи ҳисоботӣ 18,2 ҳазор тоннаро   ташкил  додааст.

Корхонаҳои соҳаи саноати сабук ва пилла. Фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабуки кишвар дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 беҳтар ба назар расида, ҳиссаи саноати сабук якҷо бо корхонаҳои пахтатозакунӣ дар маҷмӯи маҳсулоти саноати кишвар 10,5 фоизро ташкил дод. Дар соли 2019 корхонаҳои соҳаи саноати сабук бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ ба маблағи беш аз 2,8 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба соли 2018 ба маблағи 300 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои соҳа дар маҷмӯъ 22355,8 тонна риштаи пахтагин истеҳсол шудааст, ки назар ба соли 2018 ба ҳаҷми 1606,1 тонна зиёд мебошад. Дар коргоҳҳои бофандагӣ 12722 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2018 ба ҳаҷми 2846 ҳазор метри мураббаъ зиёд аст.

Соли 2019 дар кишвар 4124,5 ҳазор ҷуфт ҷӯроби пахтагин истеҳсол карда шудааст, ки назар ба соли 2018 ба миқдори 17,9 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад.

Дар соли гузашта истеҳсоли қолин дар ҷумҳурӣ ба 4375,9 ҳазор метри мураббаъ расонида шуд, ки дар қиёс ба соли 2018 ба ҳаҷми 1320,1 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.

Саноати мебелбарории кишвар яке аз соҳаҳои зудафзоишёбанда ба шумор рафта, солҳои охир истеҳсоли мебел мунтазам тамоюли афзоиш дошта, дар соли 2019 ба маблағи 54,3 млн сомонӣ истеҳсол гардидааст, ки назар ба соли қаблӣ 10,7 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Коркарди пӯсти чорво дар соли гузашта 534199 донаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 ба миқдори 128639 дона зиёд мебошад. Дар соли 2019 истеҳсоли пойафзол ба 877,1 ҳазор ҷуфт расонида шуд, ки дар қиёс ба соли 2018 ба миқдори 47,4 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ соли 2019 ба ҳаҷми 766,8 тонна пиллаи навъҳои омехта ва 36,9 тонна пиллаи сақат истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2018 ба миқдори 30,3 тонна зиёд мебошад.

Бо мақсади васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ, татбиқи раванди инноватсионӣ ва беҳтаргардонии сифати маҳсулот дар корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар соли 2019 ба маблағи 68,4 млн сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз қабили ресандагӣ, қолинбофӣ, ҷӯроббофӣ, дӯзандагӣ, мебелбарорӣ ва коркарди чарм аз хориҷи кишвар ворид ва васлу насб карда шудаанд.

 

kdКорхонаҳои соҳаи саноати мошинсозӣ дар соли 2019 ба маблағи 2029,3 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2018 ба миқдори 463,1 млн сомонӣ зиёд аст. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар ин давра 129,6%-ро ташкил дод.

ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 440,3 млн сомонӣ расонид, ки нисбат ба соли 2018, ба миқдори 25,6 млн сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот 106,2 % таъмин карда шуд.

Ҳаҷми молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкат дар соли 2019 ба 100,8 ҳазор тонна баробар гардид, ки 5,8 ҳазор тонна нисбат ба соли 2018 зиёд мебошад.

Инчунин дар заминаи ширкати мазкур коргоҳи ҷамъу васли мошинҳои боркаш ба роҳ монда шуда, дар давоми соли 2019  ба миқдори 34 адад мошинҳои боркашро истеҳсол намудааст.

Истеҳсоли автобусҳои мусофиркаши тамғаи «Акия» дар  соли 2019 148 ададро ташкил намуда, айни замон нархи як адад автобуси тамғаи АКИА-и истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 132 ҳазор евро ташкил медиҳад.

ҶСП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор бо ворид намудани қисмҳои эҳтиётї ба ҷамъу васли тракторҳо ва мошинолоти истеҳсоли Беларус машғул буда, дар соли 2019 корхона ба маблағи 19,3 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст.

Аз ҷумла, 103 адад трактори тамғаҳои «Беларус 82.1» ва «Беларус 80Х», 38 адад тойбанд 36 адад ядак (прицеп) ҷамъу васл карда шудаанд.

Дар соли 2019 корхонаҳои соҳаи мошинсозї, саноати мудофиа ва химия аз ҷумла алюминийи аввалия ба маблағи 1586590,6 ҳазор сомонї (166,4 млн. доллари ИМА), профилҳои алюминийи руйпӯш ба маблағи 36033,9 ҳазор сомонӣ, қубур ва профилҳои металлӣ ба маблағи 4160,5 ҳазор сомонӣ, кунҷаки металлї ба маблағи 1600,0 ҳазор сомонӣ, сими металлӣ ба маблағи 9750,0 ҳазор сомонӣ, арматураи сохтмонӣ ба маблағи 8774,0 ҳазор сомонӣ, маводҳои таркандаи саноатӣ ба маблағи 15168,0 ҳазор сомонӣ ва тракторҳо ба маблағи 4840,2 ҳазор сомонї ба хориҷи кишвар, хусусан ба Давлатҳои Аврупо, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Туркия, Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот намуданд.

 уававаМуассисаҳои таълимӣ

Дар тобеияти Вазорат 6 муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва 3 муассисаҳои типи нав, аз ҷумла ду литсейҳои инноватсионӣ фаъолият мекунанд.

Теъдоди умумии донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ дар соли таҳсили 2019-2020 16948 нафарро ташкил медиҳанд .

Раванди таълим дар 24 факулта аз рӯи 149 ихтисос сурат мегирад, ки аз ин 76 ихтисосро соҳаи техникию технологӣ ва 73 ихтисосро соҳаи иқтисодӣ, молиявӣ ва сайёҳӣ ташкил намуда, дар 81 кафедра раванди таълим ба роҳ монда шудааст, ки дар он 1695  нафар устодони ботаҷриба кору фаъолият доранд.

Дар ҳайъати омӯзгорон 52 нафар докторони илм, 254 нафар номзадони илм ба таҳсилкунандагон илм омӯхта, ғайр аз ин ба корҳои илмӣ- тадқиқотӣ машғул мебошанд.

Соли таҳсили 2018-2019 3173 нафар мутахассисон дар зинаи бакалавр ва магистр муассисаҳои таълимии зертобеи Вазоратро хатм намуданд, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар оянда кору фаъолият менамоянд.

Донишҷӯёни гирандагони стипендияи Президентӣ 13 нафар буда, 142 нафар тариқи дигар намуди квотаҳо таҳсил менамоянд.

Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии зертобеи Вазорат ҳамасола мустаҳкам гардида, айни замон 58 синфхонаҳои компютерӣ бо 2180 компютерҳо мавриди истифода қарор доранд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67  компютер зиёд аст.

Бо мақсади алоқаманд намудани илм бо истеҳсолот дар назди корхонаҳои саноатии кишвар 35 филиали кафедраҳои муассисаҳои таълимӣ таъсис дода шуда, ин раванд идома дорад. Аз он ҷумла дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон – 7 филиали кафедраҳо, Донишгоҳи  технология ва менаҷменти инноватсионии ш.Кулоб – 13 филиали кафедраҳо, Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон дар ш.Бустон – 7 филиали кафедраҳо, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар  ш.Исфара – 7 филиали кафедраҳо таъсис дода шудааст. 

Фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ

атттллласссч5Дар соли 2019 тибқи нақшаю чорабиниҳо фестивалҳои ҷумҳуриявии зерин баргузор гардид.

Чорабиниҳои мазкур аз ҷониби Вазорат дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил карда шуданд;

  • феврали соли 2019 вобаста ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар осорхонаи миллии Тоҷикистон фестивали заргарӣ  таҳти унвони “Ҳунар омӯз” баргузор гардид;

– 2 июни соли 2019 вобаста ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2019 – 2021 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса даври ниҳоии фестивали ҷумҳуриявии атласу адрас баргузор гардид.

  • 3 августи соли 2019 Фестивали ҷумҳуриявии “Яхмос ва обҳои ташнашикан” дар боғи “Куруши Кабир” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар фестивали мазкур 19 корхонаҳои истеҳсолии яхмос ва обҳои ташнашикан бо пешниҳоди беш аз 50 намуди маҳсулотҳои ватанӣ ва бо дастовардҳои худ иштирок намуда, маҳсулотҳои истеҳсол намудаашонро ҷиҳати баҳогузорӣ ба ҳайати тадорукоти фестивал пешниҳод намуданд.

Аз тарафи ҶДММ “Дӯсти Алишер”, ҶДММ “Яхмоси 33”, ҶДММ “Эскимо – М”, ҶДММ “Авесто Гурӯҳ” бо бренди обҳои нӯшокии “Сиёма”, ҶСП “Оби Зулол” ва ҶДММ “Кока Кола нӯшокиҳои Тоҷикистон” ба хона интернати бачагона ва мактаби ҷумҳуриявии махсусгардонидашуда яхмос ва обҳои рангаи ташнашикан ба тариқи ройгон хайриявӣ тақсим карда шуд;

– 9 ноябри соли 2019 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе Озмуни “Қаннодӣ ва ҳалвопазӣ” дар сатҳи балади фарҳангию сиёсӣ баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур 41 иштирокчӣ бо пешниҳоди беш аз 65  намуди маҳсулотҳои қаннодӣ ва ҳалвопазӣ иштирок намуда, маҳсулотҳои худро ҷиҳати баҳогузорӣ ба ҳайати тадорукоти Озмуни мазкур пешниҳод намуданд.

Ҳадафҳои асосии баргузоргардидаи фестивалу озмуниҳои баргузоргардида ин муаррифӣ намудани маҳсулотҳои ватанӣ, ҳисси зебоипарастӣ, ҳунармандӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани чорабиниҳои сиёсӣ иборат мебошад.

Сокинони пойтахт ва сайёҳон аз намоишҳои маҳсулотҳои ватанӣ,

ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, аз тамошои барномаҳои фарҳангиву фароғатии дар рафти чорабинҳои ташкилгардида таассуроти нек бардоштанд.

Инчунин ғолибони фестивалу озмунҳои баргузорнамуда бо ҷоизаҳои рамзӣ, ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

 

Форум, вохӯрӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ

Дар соли 2019 аз ҷониби шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ дар мувофиқа бо роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 – нафар кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат ҷиҳати иштирок дар семинар ва давраҳои омӯзишӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Туркия, Туркманистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбӣ сафарбар карда шуданд.

Дар ин давра аз ҷониби шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи саноат,  ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо як қатор мақомотҳои соҳавии давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Россия  ва Вазорати саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия лоиҳаи Созишнома ва Ёддошти тафоҳум дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи саноат омода гардида, баимзорасонии онҳо баъд аз мувофиқасозӣ бо мақомотҳои марбутаи кишвар дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон, аз тарафи шуъба ҷиҳати иштироки  намояндагони Вазорат дар Форуми сармоягузории Кӯлоб, ки рӯзҳои 13 – 14 июни соли 2019 дар ш. Кӯлоб ва Форуми байналмилалии сармоягузорӣ “Помиринвест”, ки рӯзҳои 6 – 7 августи соли 2019 дар ш. Хорӯғи ВМКБ баргузор гардид, маърӯза ва шиносномаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат бо забони руссӣ ва англисӣ таҳия гардида, ба таваҷҷуҳи иштирокдорони Форуми мазкур пешниҳод карда шуд.

19-23 декабри соли 2019 дар МД “Кохи Борбад” Намоишгоҳи байналмилалии шаҳри Машҳад Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Бизнес-Форум баргузор гардид, ки аз ҷониби кормандони шуъба ҷиҳати баргузор намудани мулоқотҳои ширкатҳои ватанӣ бо ширкатҳои вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон мусоидат карда шуд.

Дар Намоишгоҳи мазкур 52 ширкати бонуфузи эронӣ молу маҳсулоташонро ба сокинони шаҳри Душанбе ва меҳмонони пойтахт пешниҳод намуданд.

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                               Хадамоти матбуотӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *