Истеҳсоли либоси мактабӣ дар кишвар ру ба афзоиш дорад

Давоми нимсолаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ 53 корхонаҳо дар самти истеҳсоли либоси мактабӣ ба қайд гирифта шуданд.

“Корхонаҳои мазкур,  беш аз 401 ҳазор дона либоси мактабӣ истеҳсол намудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 79 ҳазор дона зиёд мебошад”.

Дар аксарияти корхонаҳои соҳа ба монанди “Гулистони Душанбе”, “Нассоҷии Тоҷик”, “Ёқут-2000”, “Нассоҷи Хуҷанд”,  “Зинат”, “Ҳусния-Б”, “Ниҳол”, “Даҳбед”, “Ресандаи Қурғонтеппа”, “Коргоҳи дӯзандагӣ”, “Алишер АСК”, “Само и  К”, “Кохи Бонувон”  ва дигарон таҷҳизоти муосир васл гардида, хати технологӣ ба пуррагӣ бо дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад ва имконияти дӯхти либоси мактабӣ ҳам барои писарон ва ҳам барои духтарон фароҳам оварда шудааст.