Дар вилояти Хатлон сехи коркарди равған, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол” бунёдгардида истодааст

Сохтмони коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шаҳобиддин Исмоилов бо сарфи 1,5 миллион сомонӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ҷараён дорад.

Дар сурати пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин коргоҳ иқтидори истеҳсолии он то 10 тонна равған дар як рӯзро ташкил дода, наздик ба 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар сехи мазкур таҷҳизоти муосири коркарди равған мувофиқ ба навъҳо ва ҷавобгӯ ба стандартҳои муқарраршуда насб гардидаанд.