Боздиди Роҳбарияти вазорат аз фаъолияти ҶДММ «Ёқут-2000»

3

Имрўз 21 феврали соли 2020 роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти ҶДММ «Ёқут-2000» боздид намуданд.
Дар корхонаи болозикр маҳсулоти дўзандагӣ бо истифода аз дастгоҳҳои муосир истеҳсол гардида, фаъолияти он мунтазам ба роҳ монда шуда, беш аз 380 нафар ба кор ҷалб гардидаанд.
ҶДММ «Ёқут-2000» соли 2008 ба фаъолияти истеҳсолӣ шуруъ намуда, дастгоҳу таҷҳизоти дўзандагӣ истеҳсоли ширкатҳои «Тюпикал», «Ҷак» ва «Ҷуки» мебошанд. Дар корхона маҳсулоти дўзандагии таъиноти гуногун, аз қабили либосҳои низомӣ, кории махсус, бачагона, мардона, занона, мактабӣ, варзишӣ, барои ҳоҷиён, рахти хоб, ҷиҳози нарм, хаймаҳои артишӣ, сумкаҳо, галстук, сарпўшҳо ва парчам истеҳсол карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки корхонаи мазкур яке аз иқтидормандтарин корхонаҳои соҳа маҳсуб ёфта, фаъолияти он дар раванди амалишавии «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» саҳмгузор мебошад.
Ҳангоми боздид ба роҳбарияти корхонаи мазкур бо истифода аз шароитҳои фароҳамовардашуда зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дарёфти бозорҳои нав ва рушди содирот тавсияҳо дода шуд.

2

1

 

5