Оид ба масъалаи бакорандозии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ҷаласаи корӣ байниидоравӣ доир гардид.

IMG_1189

IMG_1189
Бо мақсади иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз 14 феврали соли 2020 дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи барқарор намудани ҷойҳои корӣ ва бакорандозии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, инчунин таъсиси корхонаҳои нав ҷаласаи корӣ  бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва НТҶ, аъзоёни гурўҳи кори байниидоравӣ ва сардорони раёсатҳои соҳавии вазорат баргузор гардид. Ҷаласаро Вазири саноат ва технологияҳои нав оғоз намуда, қайд намуданд, ки ҷаласаи кории имрўза дар робита ба иҷрои вазифаҳое, ки аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба барқарор намудани ҷойҳои корӣ ва фаъолияти корхонаҳои бозмонда, таъсиси корхонаҳои нав, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳо, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии воридивазкунанда ва ба содирот равона гардида, баргузор гардида истодааст.

Саноатчиёни мамлакат иқдоми наҷибонаи Сарвари давлатро ҷиҳати инкишофи устувори минбаъдаи кишвар дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ, ки ҳадафи асосии арзёбӣ гардидааст, дар сархати вазифаҳои аввалиндараҷаи кори худ қарор дода, барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифта лоиҳаи чорабиниҳои ташкиливу техникӣ вобаста ба рушди соҳаи саноат таҳия гардида истодааст.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути бунёди корхонаҳои муосири саноатӣ иқтисодиёти кишвар тамоюли рушди устувор дошта, омилҳое ба назар мерасанд, ки ба рушди босуръати саноати кишвар монеъ гашта истодааанд.

Ин пеш аз ҳама, норасоии маблағҳои гардишии корхонаҳо ва фоизи нисбатан баланди қарзҳои бонкӣ, фарсудашавии таҷҳизоти саноатию кишоварзӣ, сатҳи нокифояи рақобатпазирӣ ва диверсификатсияи саноати коркард, норасоии мутахассисони баландихтисос ба монанди менеҷерони сатҳи болоӣ ва дараҷаи миёна, сатҳи нокифояи ҳамкориҳои дохилисоҳавӣ, байнисоҳавию байниминтақавӣ, рушд наёфтани муносибатҳои кластерӣ ва дигар омилҳо мебошад.

Дар баробари ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, таъсиси корхонаҳои нав дар тадбиқи ҳадафи чорум муҳим арзёби мегардад.

Имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои зиёде барои рушди истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифати саноатӣ, афзоиш додани содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ мавҷуд мебошад.

Аз ин лиҳоз, таъсиси корхонаҳои нав, ворид намудан ва истифодаи васеи технологияҳои муосири инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти соҳибкорон ва қобилияти идоракунии онҳо, омодасозии кадрҳо омилҳои асосии ноил шудан ба ин ҳадаф ба ҳисоб мераванд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи саноат, ташкили ҷойҳои кории нав, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва рушди содиротии кишвар тадбирҳои судманд андешида, барои иҷрои нақшаи дурнамои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ минбаъд низ аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.

Дар рафти ҷаласа таклифу пешниҳодҳои иштироккунандагон шунида шуда, бо назардошти баррасии масъалаҳои ҷойдошта ва тасмиму хулосабарории ҳолати кунунии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти рушд додани соҳаи саноат, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсол ва муаррифии  маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, дарёфти бозорҳои содиротӣ ва таъмини сокинон бо ҷойҳои кории нав  аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва корхонаҳои соҳа пайваста андешидани чораҳои заруриро тақозо менамояд.