Корхонаи саноатӣ дар “ProdExpo-2020” соҳиби медали тилло гардид

DSC_0085

Истеҳсолӣ обҳои ташнагишикани “Лимонад №1” ва “Хаватаг №1 Докторская”-и корхонаи саноатӣ “Евро Азия-2005”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  озмуни “Маҳсулоти беҳтарин”, ки дар  доираи намоишгоҳи “ProdExpo-2020”  дар шаҳри Маскав доир шуд,  соҳиби 2 медали тиллоӣ гардиданд.

Назар ба иттилои сарчашма, ҳамзамон созмондиҳандаи ширкати “Евро Азия-2005”-барои саҳмгузорӣ дар соҳаи истеҳсоли хӯрокворӣ бо медал сарфароз гардид.

27-умин намоишгоҳи  байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо “ProdExpo-2020” аз 10 то 14 феврал дар шаҳри Маскави Русия баргузор гардид, ки дар он корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аз навоҳии  тобеи марказ вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон, ки ба истеҳсоли  нӯшокиҳои ташнагишикан, меваҳои хушк, лимӯ, сабзавот ва маҳсулоти консервашуда машғуланд, иштирок намуданд.

“ProdExpo-2020”  бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ ва нӯшокиҳо дар Русия ва Аврупои Шарқӣ  арзёбӣ гардида, намоишгоҳи “ProdExpo-2020”   беш аз 2600 иштирокчиро аз 70 кишвари ҷаҳон дар Маскав ҷамъ  оварда буд.

DSC_0079