Имкониятҳои истеҳсолии корхонаҳои ордбарорӣ талаботи бозори дохилиро бо пуррагӣ таъмин менамоянд.

орд

Дар ҷумҳурӣ 47 корхонаҳои ордбарорӣ мавҷуд буда, имконияти истеҳсоли 1,9 миллион тонна орди гандумиро дар як сол доро мебошанд ва ин иқтидор нисбат ба талаботи солонаи ҷумҳурӣ, ки 800,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад 1,9 маротиба зиёд аст. Ҳар шабонарўз дар корхонаҳои мазкур 1835 тонна орд истеҳсол мегардад.

Корхонаҳои коркард бо гандум ва бозори дохилӣ бо орд асосан аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ таъмин гардида, қисми дигари он аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия мунтазам дар ҳаҷми зарурӣ ворид гардида истодааст.

Бояд қайд кард, ки дар ду моҳи соли 2020 аз ҷониби корхонаҳои ордбарории ватанӣ 110,0 ҳазор тонна орди гандумӣ истеҳсол гардида, дар баробари ин 14,6 ҳазор тонна аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст, ки дар маҷмўъ бо дар назар доштани бақияи соли 2019 (47,1 ҳазор тонна) 171,7 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба талабот (133,5 ҳазор тонна) 126,7% зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ – феврали соли 2020 ба ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 дар ҳаҷми 346,7 тонна орд зиёдтар ворид гардида, дар баробари ин аз хориҷи кишвар барои истеҳсоли орд 95047,8 тонна гандум ворид шудааст, ки ба истеҳсоли 71285,9 тонна орд мусоидат намуда, талаботи аҳолии кишварро бо маҳсулоти хушсифат пурра ва сари вақт таъмин менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар натиҷаи рушди соҳаи саноат сол то сол таъминоти талаботи бозори дохилии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти воридотивазкунандаи истеҳсоли ватанӣ таъмин гардида, дар соли 2019 талаботи бозори дохилӣ дар ҳаҷми 710,1 ҳазор тонна орд пурра таъмин карда шуда, 3132,5 тонна орд ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.