Табрикоти роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав бахшида ба Рӯзи Модар.

8-март2

Модарону бонувон ва духтарони азиз!

Бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, 8 март ҳамчун “Рӯзи модар” нақши худро ёфтааст ва мо боварии комил дорем, ки таҷлили ин рӯз, садои қалбҳои яко яки мо мебошад.

Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат – ҷашни фархундаи Рӯзи модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони азизро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.

Дар замири фарзанд тарбия кардани эҳсоси садоқату самимият, некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии модарони мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубон мебошад.

Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад.

Вай ҳамеша дар талош аст, ки фарзандаш солиму бардам ва ба камол расад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмат намояд.

Яъне дар шуури насли наврас ташаккул додани эҳсоси муҳаббат ба донишу маърифат, одобу ахлоқ, нангу номус ва ватандӯстиву заҳматкашӣ, қабл аз ҳама, хизмати модар мебошад.

Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад.

Мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки модарону занон ва бонувони дарстгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти саноати кишварамон саҳми бузург доранд.

Занҳо натанҳо дар соҳаи саноати кишвар балки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон заҳмат кашида истодаанд.

Нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад.

Миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонаводагӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони арҷманди мо барои наслҳои имрӯзу фардо низ чун мактаби беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд.

Ба ин маънӣ, занону модарони мо нигоҳдорандаву давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳо ва ойинҳои асилу деринаи халқамон, хусусан, дар тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони баодобу соҳибмаърифат ва ватандӯсту далер мебошанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бонувони тоҷик дар сатҳои баланди сохторҳои давлатӣ фаъолият намуда, зиёда аз 10 фоизи аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд. Дар баробари ин  занон бо ташаббусҳои худ собит намуданд, ки метавонанд дар ҷодаи соҳибкорӣ низ муваффақ бошанд. Саҳми занону бонувони соҳибкор илова ба соҳаҳои саноату кишоварзӣ дар эҳё намудану тараққӣ додани ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои корӣ барои бонувони хонашин басо арзишманду назаррас мебошад.

Яке аз ҳадафҳои асосии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардани соли 2018 ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми эълон намудани солҳои 2019 – 2021 маҳз ба шуғл фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари занону духтарон мебошад.

Бо амалӣ гардонидани чунин иқдомот Ҳукумати мамлакат мавқеи занонро дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор фароҳам месозад.

Дар даврони Истиқлолият бо ташабусҳои пайвастаи инсонпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ садҳо ҷавондухтаро аз шаҳру ноҳияҳо ва деҳотҳои дурдаст ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он дохил шуда, соҳибкасб шудаанд ва имрӯз бошад шукрона аз Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувони мо дар сатҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият намуда, соҳиби иззату эҳтиром мебошанд.

Баяд қайд намоям, ки дар мактаби давлатдории роҳбарияти олии мамлакат зан ҳамеша мавқуъи хосса дошта, дар ташаккули ҷомеъаи демократӣ ва  баробарҳуқуқии зану мард дар бахтномаи миллат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷасуми худро ёфта, як зумра санадҳои меъёри ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардидаанд, ки имконияти занону духтарон дар интихоби худ мустақил мебошанд.

Яке аз чунин ҳуҷҷатҳо ин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ҷиҳати таҳияву татбиқи як силсила санадҳои муҳими марбут ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии занону бонувон заминаи воқеӣ гузошт.

Дар асоси санадҳои зикршуда як силсила иқдомоти муҳим дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, аз ҳисоби духтарон омода кардани кадрҳои замони нав ва боз ҳам беҳтар гардонидани сиҳатии модару кӯдак амалӣ гардонида шуданд.

Шумо хуб медонед, ки агар бонуи хонадон босавод бошад, метавонад фарзандони худро тарбияи дуруст диҳад, онҳоро солиму бардам ва ҳамчун шахсиятҳои соҳибмаърифат ба камол расонад, яъне оилаи намунавӣ барпо намояд.

Вазорати саонат ва технологияҳои нав амалӣ гардидани тадбирҳоеро, ки дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳамаҷониба таъмин намуда, чунин сиёсатро дар оянда низ идома хоҳад дод.

Боварии комил дорам, ки занону бонувони соҳибмаърифат ва бонангу номуси Вазорат ба шукронаи озодиву соҳибихтиёрии давлатамон ва фазои орому осудаи кишварамон бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат барои пешрафти Ватани маҳбубамон содиқона ва боз ҳам бештар заҳмат мекашанд, ба хотири тарбияи наслҳои ояндасози миллат саъю талоши бештар мекунанд, дар чаҳорчӯбаи қонунҳои миллиамон – “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал карда, ҷиҳати беҳтар шудани некӯаҳволӣ ва шароити зиндагии хонаводаҳои худ саҳми модаронаашонро мегузоранд.

Бонувони муҳтарам!

Моҳи март оғози баҳор бо ҷашни рӯзи модарон оғоз гардида, бо яке аз ҷашнҳои бостонии мо – Наврӯз, яъне соли нави аҷдодиамон идома меёбад. Ин айём беҳтарин рӯзҳое мебошанд. Модарон ва бонувон   либосҳои зебои миллии чакан ва атласу адрасро ба бар менамоянд ва бо ин васила онҳоро таблиғ ва оммавӣ мегардонанд, ба тозагиву ободии хонаву кошона бештар машғул мешаванд ва ҳунари кадбонуҳои миллати қадимаву фарҳангиамонро боз ҳам густариш мебахшанд.

Мо мардон вазифадорем, ки ҳамеша ба қадри ранҷҳои кашидаи модарон, заҳмату хизматҳои занону духтарони худ ва умеду интизориҳои онҳо расем. Мо набояд фаромӯш кунем, ки инсон аз домони поки модар ба дунё омадааст ва дар оғӯши гарми ӯ бузург шудааст.

Мо дар асри бисту якум – замони пешрафти илму техника ва дастовардҳои бесобиқаи ақли инсонӣ зиндагӣ дорем. Аз ин лиҳоз, бояд аз эҳсосоти хушунатомез ва тафаккури ақибмондаи хурофотӣ озод бошем, шаъну шараф ва шахсияти занону духтаронро эҳтиёт ва эҳтиром кунем, ба онҳо, яъне бонувону духтарон бо назари нек ва бо иззату ҳурмат муносибат намоем.

Мо бояд доим дар ёд дошта бошем, ки парваридаи модари боиффату соҳибмаърифати тоҷик ва намояндаи яке аз миллатҳои куҳанбунёду тамаддунсози дунё мебошем.

Бо ибрози беҳтарин ниятҳои нек ҳамаи шумо, модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону фарзандони азиз аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эммалӣ Раҳмон бори дигар ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо тани сиҳат, иқболи баланд, дар хонадонатон осоишу оромӣ ва хушбахтиву файзу баракат орзу менамоям.

Ҷашни Рӯзи модар муборак бошад!