Боздид аз фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии шаҳри Бохтар

IMG_20200303_092224_HDR

3 марти соли 2020 роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар аз фаъолияти корхонаҳои саноатии ин шаҳр боздид намуданд.

         Дар ин раванд аз фаъолияти истеҳсолии ҶСК «Ресандаи Ғӯрғонтеппа», ҶДММ «КоТа глобал», ҶДММ «Коргоҳи дӯзандагӣ», ҶСК «Трансформатор» ва коргоҳи равғанбарорӣ дидан намудан. Корхонаю коргоҳҳои мазкур фаъолиятро мунтазам ба роҳ монда, дар самти таъмини нақшаҳои гузошташуда тадбирандешӣ намуда истодаанд.

Аз моҳи июли соли 2019 ширкати фаръии «Woochansa» – и Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Бохтар дар ҳамкорӣ бо ҶСК «Ресандаи Қурғонтеппа» дар асоси шартнома корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Ко Та глобал» – ро таъсис доданд. ҶДММ «Ко Та Глобал» бо ворид намудани дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва мутахассисони кореягӣ истеҳсолоти дӯзандагиро ба роҳ мондааст. Дар корхонаи мазкур таъсиси 300 ҷойҳои корӣ ба нақша гирифта шуда, айни замон қабули шаҳрвандон ба омӯзиши касби дӯзандагӣ идома дорад.

        Ҳамчунин аз рафти корҳои сохтмонии як қатор корхонаҳои нав таъсисёбанда дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар боздид карда шуд. Коргоҳҳои васлу насби дучарха, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, сақич ва ҷўроб сохтмонашон 90-95 фоиз ба итмом расонида  шуда, ободонии гирду атроф ва кабудизоркунии саҳни бино идома доранд.

         Маврид ба зикр аст, ки фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳри Бохтар дар раванди амалигардонии ҳадафҳои саноатикунонии кишвар, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат намуда, давоми моҳҳои январ – феврали соли равон ба маблағи 32,9 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019 суръати афзоиш 104,0 фоиз таъмин гардидааст.

 Аз ҷониби роҳбарияти вазорат дар ҷараёни боздид ба масъулини корхонаҳои мазкур бо истифода аз шароитҳои фароҳамовардашуда афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дарёфти бозорҳои нав ва тақвияти содирот тавсияҳо дода шуд.

IMG_20200303_143343_HDR IMG_20200303_092116_HDR