Ҷаласаи кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корхонаҳои саноати хӯрокворӣ .

IMG_1353

Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав 11 марти соли 2020 аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо мақсади баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсол, содироти маҳсулоти хӯрокворӣ, монеаҳои ҷойдошта, имтиёзҳои пешбини шуда, таъмини корхонаҳо бо ашёи хом ва дигар масъалаҳои ҳалталаб дар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа  “Натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои соҳаҳои саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  соли 2019 ва  вазифаҳои навбатӣ ҷиҳати рушди соҳа барои соли 2020” баррасӣ гардид .

Инчунин дар ҷаласаи корӣ намояндагони вазоратҳои молия, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, агентиҳои омор, содирот, кумитаи андоз,  сардорони раёсатҳои дахлдори Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва роҳбарони корхонаҳои соҳаи саноати хӯрокворӣ вобаста ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта баромад намуда, пешниҳодҳои худро ба масъулин манзур намуданд.

Дар охир  аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баррасии пешниҳодҳои корхонаҳои соҳа ҷиҳати пешниҳод намудани роҳҳои ҳалли он супоришҳои мушаххас дода шуд.

IMG_1349 IMG_1348