Сафари кории роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав аз шаҳри Гулистон

8ac46b420a9872f5cfc42bd64cdad52e

Дар рафти боздид Вазири саноат ва технологияҳои навро Раиси шаҳри Гулистон – Фирдавс Шарифзода, мудири шӯъбаи энергетика ва саноати МИҲД-и вилояти Суғд – Озифхон Шарифзода ва дигар роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Дар корхонаи ҶСК «Қолинҳои Суғд»  Вазири саноат ва технологияҳои нав, оид ба таъмини иҷрои «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» ва ба ин васила фароҳам овардани шароит барои рушди қолинбофӣ дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ  ба молҳои истеҳсоли ватанӣ ва афзун намудани иқтидорҳои содиротии кишвар ибрози назар намуда, ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта ба масъулин маслиҳатҳои муфид ироа намуданд. Дар ҶСК «Қолинҳои Суғд» давоми солҳои 2013-2018, ба ғайр аз таҷҳизоти ёрирасон, бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба маблағи умумии 49,6 млн. сомонӣ 6 дастгоҳи бофандагии ширкати «Ван де Вил»-и Белгия ворид ва насб карда шуда, дар ин давра боз ду дастгоҳи тамғаи 4312 бо усули идоракунии электронӣ гузаронида шуд, ки дар маҷмӯъ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти қолинӣ афзудааст. Бо мақсади таъмини иҷрои ҳадафҳои «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» дар нимсолаи якуми соли 2019 бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба корхона боз 2 таҷҳизоти технологии ба маблағи 2,9 млн. сомонӣ ворид карда шудааст. Зимни сафари корӣ  Вазири саноат ва технологияҳои нав ба роҳбарияти корхона оиди боз ҳам бо сифати баланд ва рақобатпазир истеҳсол намудани маҳсулоти қолинӣ, фароҳам овардани шароити корӣ,  таъмини пурраи бозори дохилӣ бо маҳсулоти нисбатан арзони воридотивазкунанда ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар ин зимн ҳамчунин Вазири саноат ва технологияҳои нав, аз ҷараёни омодагии корҳои сохтмонию ободонӣ, васлу насби таҷҳизоти технологии корхонаҳои навтаъсиси коргоҳи коркарди қоғази ҶДММ «Сахо и Ко» ва ҶДММ «Мурғи аълосифат»- и шаҳри Гулистон дидан намуд.

0090