Вохӯрии Вазир бо Сафири навтаини Ҷопон ҷаноби Такаюки Мияшита

IMG_1362

18 марти соли 2020 Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Заробиддин бо Сафири навтаъйини Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Такаюки Мияшита баргузор гардид.

Вазир ба ҷаноби Такаюки Мияшита роҷеъ ба самтҳои фаъолият, дастовардҳо ва мушкилоти соҳа маълумот доданд.

Ҷаноби Сафир вобаста ба нақшаҳои Ҳукумати Ҷопон барои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, омодагии кишварашро барои ҳамкорӣ бо сармоягузорон, пешбурди корҳои илмӣ ва амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат иброз дошт.

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ сурат гирифта, тарафҳо вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба мувофиқа расиданд.