Вохӯрӣ бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо

4 марти соли 2020 Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Иттиҳоди Аврупоро бо роҳбарии Стефано Эллеро – котиби якум, сардори шӯъбаи ҳамкории Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Мартин Андерсен – менеҷери калони барномаҳо оид ба бехатарӣ ва амнияти ядроии Комиссияи Аврупо ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар соҳаи саноат баррасӣ карданд. Ҷонибҳо зарурати тақвияти ҳамкориро бо дарназардошти имкониятҳои ду ҷониб таъкид намуда, аз сатҳу муҳтавои муносибатҳои зудрушдёбанда миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ баён намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ба таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаи саноат таъкид карданд.