Табрикоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзуллозода З.Қ. бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Қабл аз ҳама, бо камоли эҳтиром ва истифода аз фурсати муносиб тамоми кормандони  соҳаи саноати ҷумҳуриро ба муносибати фарорасии Наврӯзи хуҷастапай, мавсими зебоии табиат самимона муборакбод гуфта, дар ин ҷода ба Шумо комёбиҳои нав ба навро орзу дорам.

Бо изҳори қаноатмандӣ метавон қайд кард, ки сарзамини мо ва мардуми он чандин асрҳо қабл ба ҷаҳониён Наврӯз, яъне рӯзи навро эҳдо намуда, дар ҳазор солаи сеюм бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сессияи 64 – уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз  23 феврали соли 2010 Наврӯзи аҷам мақоми байналмилалиро пайдо намуд, ки ин боиси ифтихори ҳар фарди кишвар ба ҳисоб меравад.

Мавриди тазаккур аст, ки дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ, мардуми меҳнатқарину фарҳангофари ҷумҳурӣ, ҷашни Наврӯзро дар фазои соҳибистиқлолии кишвар, амнияту субот меҳнати бунёдкоронаву созандагиҳо истиқбол мегиранд.

Бешубҳа, ҷалолати Наврӯзи фархундапай, фарорасии фасли баҳор, оғози мавсими киштукор дар ҳаёти шоистаи ҳар фарди ҷомеа, давлату минтақа ва аҳли башар нақши муҳими созгор мебозад. Бо фарогирии маҷмуи фазои идона Ҷашни Наврӯзро, ки мардуми мо бо беҳтарин арзишҳо ва воқеияти қонуни табиат ҷовидонӣ ба мерос гирифтаанд, чун муждаи эҳёи табиат, рамзи рӯзи нав, нишони файзу фаровонӣ бо орзуву умеди нек таҷлил менамоянд.

Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва сиёсати созандаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба устувор гардидани давлати соҳибистиқлоли барои ҳар як фарди ватандӯст маҳбуб, пайдо намудани ҷойгоҳи муносиб дар арсаи байналмилалӣ, беҳгардонии ҳаёти ҷомеа,  мушарраф гардид, ки худшиносии миллӣ бо эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, аз ҷумла ба таври васеъ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷашн гирифтани Наврӯзи дилафрӯзро дар доираи  ин дастовардҳо махсус метавон таъкид кард.

Итминон дорем, ки бо шарофат ва латофати баҳори Наврӯзи фархундапай, ки дар дилу дидаи ҳар фард меҳру муҳаббат ва илҳому нерӯи тозаи созандагиро эҳдо менамояд, кормандони соҳаи саноат баҳри ободониву бунёдкорӣ,  шукуфоии Ватани азизамон саъю кӯшиши ҷиддӣ хоҳанд кард.

Бори дигар Ҷашни Наврӯзи ҷаҳониро ба ҳамаи Шумо ҳамватанони азиз муборакбод гуфта, тансиҳативу фараҳмандӣ, саодату хушбахтӣ ва барору комёбиҳоро хоҳонам.