Саноатикунонӣ – ҳадафи стратегӣ ва рушди иқтисодии кишвар

саноатикунони

Тавре дар ёд дорем Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба рушди иқтисодиёт ва бад ин васила таъмин намудани аҳолӣ бо шароити беҳтари зиндагӣ, баланд бардоштани сифати зиндагӣ дар Паёми худ ба  Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки  «дар натиҷаи амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми соли гузашта баёншуда соли 2018 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар  сатҳи 7,3 фоиз зиёд гардида, пешрафти истеҳсолӣ таъмин гашта, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории  нав таъсис дода шуданд ва дар натиҷа масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ 25 фоиз коҳиш ёфт».

Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат қайд намуда буданд, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт. Дар робита ба ин ва бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Пешвои миллат,  саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ  эълон намуданд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки то соли 2030 соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад. Нуктае дигаре, ки Пешвои миллат оид ба саноатикунонии мамлакат таъкид намуданд, ин масъалаи коркарди ашёи хом ва то ба маҳсулоти ниҳоӣ ва содиршаванда табдил додани он   мебошад.

Эълон намудани саноатикунонии кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат бисёр ба маврид буда, имрӯз мо бад  ин васила метавонем ҳам мутахассисони соҳибтаҷрибаро баҳри рушди соҳа ҷалб намоем ва ҳам соҳаи мазкурро бештар рушду тараққӣ диҳем. Зеро барои мамлакати мо бе рушди саноат ва истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ имкон надорад, ки дурнамои рушди иқтисодии кишварро ба таври куллӣ таъмин намоем.

Аз ин рӯ, баҳри таҷдиди корхонаҳо, таъмини корхонаҳои нав бо маҳсулоти ватанӣ ва ҷалби сармоягузорон дар кишвар имрӯз як барномаи вижа тартиб дода шудааст ва дар нақша ҳаст, ки мо ба ин ҳадафи умумимиллӣ  бо сари баланд  ноил  мегардем ва соҳаи мазкур беш аз ҳарвақта рушду тараққӣ меёбад…

Мулоқоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо саноатчиён ва кормандони соҳа  аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари давлат мехоҳанд њар чи бештар соҳа рушд ёбаду шароити зиндагии мардум беҳтар гардад то он ки насли ҷавон тавонад аз имкониятҳои мављуда бештар баҳра бардорад. Дар мулоқоти мазкур Пешвои муаззами миллат аз давраҳои гуногуни рушд ва таназзули истеҳсолот ва давраи рукуд, ки ба давраҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рост меояд ёддовар шуданд, ки барои насли ҷавон хеле муҳим аст. Зеро маҳз бо талошҳову кӯшишҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои фалаҷгардидаи иқтисодиёт аз нав бозбинӣ шуд ва он корхонаҳое, ки ба як харобазор табдил ёфта буданд аз нав ба кор дароварда шуданд ва ба ҳамин васила чархаи иқтисодиёти кишвар дубора фаъол гардонида шуд. Имрӯз бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва сармояи давлативу соҳибкорони маҳаллӣ корхонаҳои зиёдӣ саноатӣ ба фаъолият оғоз намуданд, ки ба ҳамин васила барои ҳазорон нафар ҷойҳои нави корӣ пайдо гардид. Роҳбари давлат дар мулоқот бо саноатчиён ва фаъолони соҳа арз намуданд, ки “танҳо дар 7 соли охир дар кишвар 2092 коргоҳу корхонаҳо бо зиёда аз 49 ҳазор ҷойи кории нав сохта шудаанд, ки ҳоло дар самтҳои гуногуни истеҳсолӣ фаъолият карда истодаанд”. Албатта,  ин танҳо дар ҳафт соли охир мебошад ва қабл аз ин ҳам барномаву лоиҳаҳои муҳиме барои рушди соҳаи саноат  дар кишвар амалӣ гардонида шуданд, ки баҳри беҳтар сохтани вазъи иқтисодиву сифати зисту зиндагонии мардум равона гардида буд.

Бояд зикр намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии саноатикунонии мамлакат ин аз кишвари  аграрӣ – саноатӣ ба кишвари саноатӣ – аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Воқеан ҳам, бе саноатикунонии мамлакат  ба кишвари саноатӣ ва транзитӣ табдил додани ҷумҳуриамон  имконнопазир  аст.

Аз ин лиҳоз, вобаста ба масъалаи саноатикунонии мамлакат,   мазмуну моҳият, аҳамияти саноатикунонӣ ва  яке аз нуктаҳои асосии ин масъала – яъне зарурияти бунёд ва рушди соҳаҳои саноати вазнин: мошинсозӣ, металлургия ва ғайра ибрози андеша  менамоем.

Лозим ба ёдоварист, ки яке аз ҳадафҳои асосии рушди саноати вазнин ин пеш аз ҳама бунёд намудану рушд додани саноати ҳарбӣ мебошад. Зеро тавассути пешрафти ин соҳаи саноат дар мамлакатамон минбаъд қобилияти мудофиавии кишвар таъмин гардида , барои ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини соҳибистиқлолии он, зиндагии осоиштаи мардум заминаю шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд.   Танҳо рушди босуботи иқтисодӣ, барои ба мамлакати саноатӣ – аграрӣ табдил ёфтани ҷумҳуриамон инчунин,  муҳайё намудани амнияти озуқаворӣ ва зиндагии шоистаи мардум  мусоидат менамояд.

Вобаста ба масъалаи саноатикунонии мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурӣ  изҳори назар намуда, қайд намудан  лозим  аст, ки мазмуну моҳияти саноатикунонии мамлакат  ҳаллу фасли  масъалаҳои  зеринро тақозо менамояд:

  1. Бунёду ба кор андохтани корхонаҳои нави саноатӣ.
  2. Таҷдиду азнавсозии корхонаҳои саноатии амалкунанда.
  3. Фароҳам овардани заминаю шароитҳои мусоид ҷиҳати давра ба давра бунёд намудани корхонаҳои саноати вазнин, ки ба рушди иқтисодӣ ва мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат мусоидат менамоянд.
  4. Аз коркарди ашёи хом то ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии – содиротшаванда мутобиқ намудани фаъолияти корхонаҳои саноатии амалкунанда ва бунёдшаванда.
  5. Ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти саноатӣ, ба ҳам пайвастани илм ва истеҳсолот дар корхонаҳои саноатӣ.
  6. Ҷалби сармояи хориҷӣ, рушд  додани соҳибкорӣ дар раванди саноатикунонӣ.
  7. Тайёр намудани мутахассисони баландпояи ватанӣ барои тамоми соҳаҳои саноат  алахусус, барои соҳаҳои саноати мошинсозӣ, сабук ва хӯроквории хоҷагии халқ.

Мавриди зикр аст, ки яке аз омилҳои асосии рушди саноат тавре ки дар боло қайд гардид ин тайёр намудани мутахассисони баландпояи ватанӣ мебошад. Ҳамон гуна,  ки  маълум аст, соҳаҳои саноати куҳӣ, металлургия, саноати сабук, хурокворї,  нафту газ ва энергетика аз соҳаҳои афзалиятнок, даромадноку фоидаовари хоҷагии халқ ва иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбанд.

Аз ин хотир,  барои таъмин намудани рушди босуботи ин соҳаҳои саноат саҳми мутахассисон ва муҳандисони соҳавӣ басо муҳим мебошад.

 

А. Рӯзизода

мудири шуъбаи муассисаҳои илмӣ-таълимии

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон