Раванди татбиқи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020

original

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд соли 2013 Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020 таҳия гардида, аз 1 декабри соли 2014, №737 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Фароҳам овардани шароит барои рушди соҳа, беҳтар намудани сифати маҳсулот, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ бо қолини истеҳсоли ватанӣ, ҷорӣ намудани навъҳои гуногуни маҳсулот, дастгирии давлатии молистеҳсолкунандагон ва ҷалби сармоя ба соҳа мақсадҳои асосии Барномаи мазкур ба ҳисоб мераванд.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои рушди соҳа як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, имтиёзҳо фароҳам оварда шудаанд.

Аз ҷумла, бо мақсади таъмини рақобатпазирии маҳсулоти қолинии ватанӣ бо қолини воридотӣ аз ҷиҳати нарх тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри боҷи гумрукии воридотӣ барои ба андозаи 30 фоиз татбиқ шуда, воридоти ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоти қолинӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуд.

Дар натиҷаи фароҳам овардани шароити мусоид ва дар доираи иҷрои Барномаи соҳа чор корхона дар самти истеҳсоли маснуоти қолинӣ, аз ҷумла ҶДММ “Тоҷ Фейза”, ҶДММ “Мавлонои Румӣ”, ҶДММ “Самарқанд-М” дар ноҳияи Рўдакӣ ва ҶДММ “30-солагии Истиқлолият” дар ноҳияи Ҷ. Расулов ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Дар баробари ин, дар ҶСК “Қолинҳои Қайроқум” аз нав муҷаҳҳазгардонии истеҳсолот ба пуррагӣ амалӣ шуда, аз соли 2013 то ба имрўз аз ширкатҳои хориҷи кишвар дастгоҳу таҷҳизоти муосир ворид ва васлу насб карда шудааст. Ҳамзамон дар назди ҷСК “Қолинҳои Қайроқум” коргоҳи истеҳсоли риштаи полипропиленӣ ба роҳ монда шуд, ки иқтидори он истеҳсоли 3 ҳазор тонна ришта буда, талаботи корхонаи мазкурро бо 60 фоизи ашёи хом таъмин менамояд.

Дар доираи татбиқи Барномаи рушди қолинбофӣ истеҳсоли қолинҳо нисбат ба соли 2014 ба 2,5 маротиба афзоиш ёфта, аз 1 млн 763 ҳазор метри мураббаи соли 2014 ба 4 млн 701 ҳазор метри мураббаъ дар соли 2019 расонида шуд, ки 109,7 фоизи дурнамои Барномаро ташкил медиҳад.

Содироти маҳсулоти соҳа аз соли 2014 инҷониб рушд ёфта, воридот бошад коҳиш ёфтааст.

Тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми содироти қолин ба хориҷи кишвар аз 106,8 ҳазор доллари америкоӣ соли 2014 дар соли 2019 ба 374 ҳазор доллари америкоӣ ва ё 141,4 ҳазор метри мураббаъ расонида шудааст, ки суръати афзоиш 3,5 маротибаро ташкил медиҳад.

Воридот бошад аз 14,2 млн доллари америкоии соли 2014 дар соли 2019 ба 4,5 млн доллари америкоӣ омада расидааст ва ё 31,7 фоиз коҳиш ёфтааст.

Корхонаҳои қолинбофӣ аз партовҳои маҳсулоти қолинӣ молҳои ниёзи мардумро, аз ҷумла пойафзол барои хона, қолинчаҳо барои даромадгоҳҳо истеҳсол менамоянд.

Шумораи кормандон дар соҳаи қолинбофии кишвар зиёда аз 560 нафарро ташкил дода, аз онҳо 45 фоиз ва ё 250 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд.