Табрикоти Вазири саноат ва технологияҳои нав ба 45-умин солгарди таъсисёбии ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик»

1451921373_talkoi

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори қаноатмандӣ Роҳбарият ва аҳли ҳайати меҳнатии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик»-ро бо 45-умин солгарди таъсисёбии корхона табрику муборакбод менамояд.

Бояд қайд намуд, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» яке аз корхонаҳои стратегии саноатии мамлакат буда, дар ташкил ва рушди соҳаи металлургия саҳми арзандаи худро гузоштааст. Боиси ифтихор аст, ки дар давоми 45 соли сипаригашта корхона ба муваффақиятҳои бузурги меҳнатӣ ноил гардида, дар он чандин  кадрҳои баландихтисос ба воя расиданд. Маҳз тавассути меҳнати самимию муташакилонаи аҳли кормандони корхона дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимони ҷумҳурӣ дар истеҳсолот, ҳамкорӣ бо корхонаҳои   хориҷӣ наздик ва дур, истеҳсоли   алюминии аввалия ба роҳ монда шуда, шуҳрати алюминийи тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуданд.

Корхона ба мушкилиҳои моливӣ-иқтисодӣ нигоҳ накарда, баҳри амалисозии вазифаҳои гузошташудаи давлатӣ дар соҳаи саноат, ки аз сиёсати созандагию бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намуда истодааст. Бо эътимод ва боварӣ арз медорем, ки корхона ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ «Саноатикунонии босуръти кишвар» дар оянда саҳми назарраси худро мегузорад.

Боварӣ дорем, ки коргарону мутахассисони корхона минбаъд дар пурра истифодабарии иқтидорҳои истеҳсолӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва бо истифодабарии технологияи муосир, баҳри рушди иқтисодиёти миллии ватани азизамон нақши арзанда хоҳанд гузошт.

Бори дигар ҳамаи шумоёнро бо ин ҷашни фархунда, 45-солагии таъсисёбии Ҷамъияти саҳҳомии  кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» табрику таҳният гуфта, хушбахтиву тансиҳатӣ, бахту саодат ва дар фаъолияти истеҳсолиатон барору муваффақиятҳо орзумандам.