Боздиди роҳбарияти Вазорат аз фаъолияти ҶДММ “Тоҷтекс”

099ҶДММ «Тоҷтекс» дар шаҳри Душанбе бунёд ёфта, ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ машғул мебошад. Дар корхона зиёда аз 160 дастгоҳҳои дӯзандагӣ васлу насб карда шуда, барои 200 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё карда шудааст.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ аз ҷониби корхонаи мазкур айни замон истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шудааст.

Иқтидори корхона дар як рӯз истеҳсоли 10000 дона ниқобҳои тиббӣ буда, сифати он ба стандартҳои ҷорӣ ҷавобгӯ мебошад.