Татбиқи чораҳо дар самти пешгирӣ оид ба бемории сироятии коронавирус

0010

Эълон гардидани вазъияти фавқулоддаи байналмилалӣ нисбат ба хуруҷи бемории коронавирус аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ андешидани тадбирҳои иловагиро вобаста ба гузаронидани амалиётҳои зиддиэпидемикӣ тақозо менамояд.

Вобаста ба ин, бо фармоиши Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2020, №23 ситоди дохилидоравии зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус «COVID-19» дар дастгоҳи марказии Вазорат ташкил карда шуда, нақшаи чорабиниҳо дар ин самт таҳия гардидааст.

Ҳамзамон бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолииҶумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар ҳамкориҳои судманд роҳандозӣ гардидааст.

Бо мақсади пешгирии бемории сироятӣ аз ҷониби корхонаҳои саноати хӯроквории кишвар, аз қабили ҶДММ «ММК» – и шаҳри Хуҷанд, ҶДММ «Сахо ва К» – и шаҳри Гулистон ва ҶСК «ММД» – и ноҳияи Рӯдакӣ, ва дигарон истеҳсоли маводҳои гигиениву антисептикӣ ба роҳ монда шудааст.