Омӯзонидани раванди истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба шогирдон

никоб 1

Дар доираи  лоиҳаи «Навсозӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бахши қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар корхонаҳои КВД «Гулдастон» ва ҶСК «Суман» барои 15 нафар шогирдон семинари омӯзишӣ дар бораи тарзи истеҳсоли ниқоби тиббиро анҷом доданд.

Маврид ба қайд аст, ки давоми моҳҳои охир истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ дар ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз афзун ёфта, сифати он ба талаботи ҷорӣ ҷавобгӯ гардонида шуда истодааст.

Бояд қайд кард, ки бо пешниҳоди Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дастгирии техникии Дафтари Созмони Миллали Муттаҳид доир ба рушди саноат ва кӯмаки молии Ҳукумати Федератсияи Россия лоиҳаи «Навсозӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бахши қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дубора фаъол гардид.

Дар робита ба ин, дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои иштирокчии лоиҳа дар самти афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, беҳтаргардонии сифати он ва ҳамгироии минтақавии муштарак идома дода шуда истодаанд.