Боздиди роҳбарияти Вазорат аз корхонаи истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ

0014

Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти макаронии “Муродов Х” дар ноҳияи Рўдакӣ фаъолият менамояд. Корхонаи мазкур ба истеҳсоли маҳсулоти макаронии гуногуннавъ ва гуногунҳаҷм бо бандубасти замонавӣ машғул мебошад.

Иқтидори истеҳсолии корхона 20 тоннаро дар як шабонарӯз ташкил дода дар он 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Корхона 17 намуди маҳсулоти макаронро дар ҳаҷмҳои аз 400 грамм то 20 килограмм истеҳсол  менамояд.

Таҷҳизоти корхона аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Италия ворид ва васлу насб шуда, имконияти истеҳсоли маҳсулоти баландсифатро фароҳам меоварад.