Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар заминаи озмоишгоҳхои дӯзандагии факултети технология ва дизайн дӯхтани ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шуд. Тарҳи ниқоб аз тарафи мутахассисони факултет бо назардошти меъёрҳои стандартӣ лоиҳакашӣ карда шуда, дар озмоишгоҳҳои дӯзандагӣ бо ҷалби омӯзгорони мутахассис ва донишҷуён дӯхтани ниқобҳо оғоз гардид.
Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҳолати зарурӣ зиёда аз 6000 кормандон ва донишҷуёни худро бо ниқобҳои тиббӣ пурра таъмин намояд. Инчунин, ҳаҷми истеҳсол зиёд карда шуда, ба дигар муассисаю корхонаҳо ниқобҳои тиббӣ пешниҳод карда хоҳанд шуд. Бояд қайд кард, ки барои дӯхтани ниқобҳо маҳсулотҳои пахтагини истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла матоъҳои пахтагини истеҳсоли корхонаи «Нассоҷии тоҷик» истифода бурда мешаванд. Аллакай зиёда аз 1300 адад ниқобҳои тиббӣ омода карда шуданд.