Сохтмони “Комбинати орди Душанбе” дар арафаи анҷомёби қарор дорад.

IMG_4032

Бо мақсади ба кор даровардани корхонаи ордбарории шаҳри Душанбе ва амалигардонии банди 16 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маросими ба истифода додани иншооти нав дар шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2019 баён доштанд   Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комбинати орди Душанбе”IMG_4034 корҳои сохтмонӣ, азнавсозӣ ва таҷҳизонидани бинои мавҷудбуда ба анҷом расонида истодааст.

Бо дарназардошти мутобиқ намои ба стандарти байналмилалӣ ва бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ҷамъият ҳамкории судмандро бо ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи таҷҳизотҳои технологӣ ба роҳ мондааст.

Ҷамъият таҷҳизоти технологии истеҳсоли ширкати хитоии «COFCO Engineering & Technology Co., Ltd.»-ро, ки ба гурӯҳи ширкатҳои «COFCO Group» дохил мешавад васлу насб намудааст.

Дар айни замон  таҷҳизотҳо пурра насб гардида, баъд аз даъвати мутахассисон аз Ҷумҳурии Халқи Хитой қисми идоракунии автоматикунонии хатти технологӣ барномасозӣ шуда корхона ба истеҳсоли орди гандумӣ пурра омода карда мешавад.

Иқтидори истеҳсолии корхона 400 тонна коркарди гандум дар як шабонарӯз, иншооти нигаҳдории гандум -12 ҳазор тонна ва гандуми тоза -3,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Боиси зикр аст, ки айни замон бо ҷалби 100 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ корҳои сохтмонӣ дар ҳаҷми 90% ба итмом расонида шудааст.

Илова бар ин, қисмати анбори бино пурра аз таъмир баромада, рўйпўшкунӣ ва рангуборкунии бинои осиёб ва элеватор пурра ба анҷом расидааст. Дар назар аст, ки баъди пурра ба кор оғоз намудани корхона 100 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мегардад.