Баргузории ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

15 апрели соли 2020 ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндаҳо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, кормандони дастгоҳи марказии вазорат, намояндаҳои вазорат дар вилоятҳо ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи Ҳайати мушовара маърӯза дар бораи «Натиҷаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар семоҳаи якуми  соли 2020 ва  вазифаҳои навбатӣ барои нимсолаи якум» инчунин «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021»  қайд карда шуд.

Ҳамчунин дар маърӯза  такидгардид, ки дар семоҳаи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 6 млрд 783,5 млн сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 16,9%-ро ташкил дода, ба маблағи 1 млрд 84,1 млн сомонӣ зиёд гардид.

Ҳиссаи соҳаи саноат дар таркиби маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 20,4% баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 0,6 пункти фоизӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра ҳиссаи саноати маъдан 25,9%, электроэнергетика 32,2%, саноати хӯрокворӣ 17,0%, саноати сабук 4,9%, корхонаҳои пахтатозакунӣ 3,2%, саноати масолеҳи сохтмон 8,4%, саноати мошинсозӣ 6,8%, саноати ангишт 0,6%, саноати табъу нашр 0,5% ва саноати нафт ва газ 0,6%-ро дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ташкил дод.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноати ангишт 101,6% (0,7 млн сомонӣ зиёд), саноати маъдани кӯҳӣ 119,5% (286,4 млн сомонӣ зиёд), саноати масолеҳи сохтмон 114,0% (69,8 млн сомонӣ зиёд), саноати сабук 125,6% (67,7 млн сомонӣ зиёд), саноати мошинсозӣ 130,8% (107,9 млн сомонӣ зиёд), саноати табъу нашр 117,4% (5,2 млн сомонӣ зиёд), саноати хўрокворӣ 106,2% (66,9 млн сомонӣ зиёд), корхонаҳои пахтатозакунӣ 153,2% (75,3 млн сомонӣ зиёд), нафт ва газ 151,8% (14,4 млн сомонӣ зиёд) ва электроэнергетика 121,7 % (389,8 млн сомонӣ зиёд) афзоиш ёфтааст.

Дар давраи ҳисоботӣ рушди саноат дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ғайр аз ВМБК (85,6%) таъмин гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд 119,4%, вилояти Хатлон 117,8%, шаҳри Душанбе 105,8% ва НТҶ 123,8%-ро ташкил дод.

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёдшавии саноати истихроҷ (110,1%), саноати коркард (121,8%), истеҳсол ва тақсими нерўи барқ, газ ва гармӣ (109,6%) ба вуҷуд омадааст.

Ҳаҷми маҳсулоти содиротшуда аз ҷумҳурӣ зиёда аз 2 млрд 42,4 млн сомониро ташкил дода дар бахши саноат 1 млрд 749,4 млн сомониро дар бар гирифт.

Вобаста ба рушди  соҳаи саноат, хусусан расидан ба ин ҳадафи муҳими стратегӣ, барои ҷоннок намудани    фаъолияти истеҳсолӣ, таъсиси корхонаву коргоҳҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ ворид намудани хатҳои нави технологӣ ва ба ин васила зиёд намудани ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххс доданд.

Дар кори ҷаласа аз ҷониби роҳбарони корхонаю муассисаҳо доир ба  мушкиливу камбудиҳои ҷойдошта таклифу пешниҳодҳо шунида шуда,  аз ҷониби роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав доир ба фаъолияти минбаъда, иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва баланд бардоштани иқтидорҳои содиротии кишвар тавсеа ва супоришҳои мушаххас дода шуд.

IMG_1684 IMG_1685 IMG_1696