Ба фаъолият шуруъ намудани корхонаҳои коркарди тиллои пошхӯрдаи ҷумҳурӣ дар мавсими навбатӣ

IMG-bbef4225c32a7ba05871d23536a7ff5a-V

Бо мусоид омадани боду ҳаво корхонаҳои истихроҷкунандаи тиллои пошхӯрда ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намудаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлат бо ҷалби сармояи ватанӣ таъсиси корхонаҳои заршӯӣ амалӣ гардид, аз ҷумла, корхонаи махсуси давлатии қазонии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик», Артели заршӯии «Одина», ҶДММ  «Авесто Одина», ҶДММ  «Нахш», ҶДММ «Абдулазиз», ҶДММ  «Таком Голд» ҶДММ  «Шимшо», ҶДММ  «Назирӣ ҶДММ  «Заринк», ва ҶДММ  «Баракати истиқлол».

Айни замон, Корхонаи махсуси давлатии қазонии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик», Артели заршӯии ва ҶДММ  «Заринк» ба шустани қумҳои зардор оғоз намуда, дигар корхонаҳои болозикр ба омода намудани техника, таҷҳизотҳо ва корҳои қабаткушоӣ машғул мебошанд.

Дар давраи фаъоляти соли 2019 корхонаҳои заршғи ба маблағи 378,2 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, саҳми корхонаҳо дар маҷмӯи маҳсулоти соҳаи саноати коркарди маъдан 5,4 фоизро ташкил додааст.

Шумораи кормандони корхонаҳои болозикр дар умум 1985 нафар буда, музди миёнаи меҳнати як нафар корманд 2567 сомонӣ мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки тиллои истихроҷнамудаи корхонаҳо, пурра аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ карда мешавад.

Мутобиқи нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳо назар ба соли 2019 115% зиёд ба нақша гирифта шудааст.