Пайравӣ аз Пешвои миллат

Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравӣ аз ташаббуси навбатии ватандустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгири аз паҳнгардидани вабои аср, коронавирус (COVID-19), ки айни замон дар ватани азизамон ошкор гардидааст маоши як моҳаи худро ба суратҳисоби фонди хайриявии таъсис додаи ситоди ҷумҳуриявӣ мегузаронанд.

Ҳамчунон аз ҷониби Вазорат бо мақсади  дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ҳассоси сатҳи дунявӣ ба миқдори 5 ҳазор дона ниқобҳои тиббӣ, 250 дона камбензони яккаратаи тиббӣ, 400 кг оҳаки хлордор ва 500 литр спирти техникӣ ҳамчун кумак пешниҳод намудааст. Дар ин раванд Вазорат вобаста ба имкониятҳо минбаъд ин иқдомро идома хоҳад дод.