МУРОҶИАТ БА САНОАТЧИЁНИ КИШВАР

   Муҳтарам саноатчиёни мамлакат саҳми Шумо дар рушду нумуи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғани гардонидани буҷети мамлакат, ташкили ҷойҳои корӣ, бунёди иншоотҳои иҷтимоию инфрасохторҳои истеҳсолӣ, таъмини бехатарии бозори истеъмолӣ, баланд бардоштани иқтидорҳои содиротӣ ва аз ҳама муҳим, дар саноатикунонии босуръат, ки ҳадафи чоруми стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад, хело баланд арзёби мегардад, ки роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми  Шуморо дар ин раванд ба инобат гирифта, пайваста имтиёзу сабукиҳоро нисбати соҳа муносиб мебинанд.

   Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро пандемияи коронавирус СОVID-19 ба ташвиш овардааст ва таҷриба нишон медиҳад, ки роҳҳои пешгирии он танҳо дар ҳамбастагӣ ва кӯмаки якдигар мебошад.

   Аз ин лиҳоз, бо мақсади муборизаи дастаҷамъона оид ба  пешгирии паҳншавии пандемияи коронавирус СОVID-19 дар ҳудуди ҷумҳуриямон, кӯмак ба қишрҳои ниёзманд, қадршиносии кормандони соҳаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои заҳматҳои шабонарӯзӣ баҳри солимии мардум ва дигар сохторҳое, ки ба ин мақсад равона гардиданд, мо бояд якдилию якпорчагии худро дар назди ватану миллат нишон диҳем.

   Бо назар дошти гуфтаҳои боло ва бетараф набудан дар вазъияти ба миёномада, роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон зарӯр мешуморад, ки дар ҳолати мавҷуд будани имкониятҳои молиявӣ метавонед ёрии худро расонед.

   Бо ин мақсад, дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисобҳо бо асъори миллӣ ва дар Бонки миллии Тоҷикистон бо асъори хориҷӣ-доллари ИМА ва рубли русӣ кушода шудааст, ки метавонед кӯмакпулиҳои худро гузаронед (суратҳисобҳо дар зер оварда шудааст).

   Вазъияти ба амаломадаи имруза, ки ба дастрас намудани маводҳои зарурӣ барои пешгирии паҳншавии пандемияи коронавирус СОVID-19 аҳолӣ ва соҳаи тандурустӣ ниёз дорад саноатчиёни ҷумҳуриро бетараф намегузорад.

   Мо боварии комил дорем, ки саноатчиёни ҷумҳурӣ дар истеҳсоли маводҳои зидиэпидемикӣ саҳми худро мегузоранд.

1111

 

Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон