МУҲТАРАМ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ!

   Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати санаҳои муҳимми таърихӣ, яъне – 75-умин солгарди ғалаба бар фашизмро ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо сиҳатмандӣ, рӯзгори босаодат ва зиндагии орому осуда орзу менамоянд.

   Агар мо ба таърихи башарият назар афканем санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти вақту солҳо аҳамият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён гардида рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсусро ишғол менамояд.

   Мо дар заминаи табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарфарозӣ иброз хоҳем дошт, ки дар таъмини ғалабаи бузург дар баробари дигар халқу миллатҳо фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон нақши арзишманд гузоштаанд.

   Бори дигар ҳамаи саноатчиёни мамлакатро барои фаъолияти истеҳсолӣ дар вазъияти мураккаби ҷаҳонӣ ва мардуми шарафмади Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори 75 – умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, умри бобаракат ва барои Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҳамешагиро таманно менамоем.

75-умин солгарди ғалаба муборак бошад!

Бо эҳтиром, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода З.Қ.