Истеҳсоли моеъҳои шуянда, маҳлулҳои антисептикӣ, собуни мушкин, хокаи хлор ва гипохлориди натрий дар корхонаҳои саноатӣ

1111222

Дар соҳаи кимиё дар вазъи ба амаломадаи мураккаби пандемияи COVID-19, ки дар тамоми миқёси олам, аз ҷумла дар ҷумҳурии мо ба қайд гирифта шудааст, дар корхонаҳои ҶДММ “Сатурн-1”-и шаҳри Душанбе, ҶДММ «Баҳор Косметик Групп»-и шаҳри Душанбе, ҶДММ «Покофар»-и шаҳри Душанбе, СИ «Мирзошехова» -и ноҳияи Б. Ғафуров, ҶДММ «Давои Сино» -и шаҳри Хуҷанд, ҶДММ «Фарм Суғд» -и шаҳри Бӯстон ва ҶСК «Тоҷикхимпром» -и ноҳияи Ёвон истеҳсоли моеъҳои шуянда, маҳлулҳои антисептикӣ, собуни мушкин, хокаи хлор ва гипохлориди натрийро ҷиҳати пешгирӣ намудан аз ин намуди беморӣ тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ситоди ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда, зиёда аз 200 ҳазор кг моеъҳои шуянда, 150 ҳазор литр маҳлули антисептикӣ, 105 тонна собуни мушкин, 55 тонна хлор ва 60 тонна гипохлориди натрий истеҳсол намуданд.

Корхсобунонаҳои саноатӣ дар оянда низ кушиш ба харҷ медиҳанд, ки барои таъмини аҳолии ҷумҳурӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маводҳои безараргардонӣ саҳми худро гузоранд.