Расонидани кӯмак ба кормандони соҳаи тандурустӣ дар раванди мубориза бар зидди бемории сироятии Covid-19

=-

Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо пайравӣ аз ташабусҳои Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои расонидани саҳми хеш дар мубориза бар зидди бемории сироятии COVID-19 санаи 9-уми майи соли 2020 ба 50 нафар табибони Маркази шаҳрии саломатии №1 (1-ум Советский) маводҳои зарурии хӯрокворӣ ба маблағи 5000 сомонӣ ва инчунин 200 адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ расонида, ҳамзамон роҳбари донишгоҳ ҷиҳати дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маоши якмоҳаи хешро ба фонди хайриявии ситоди ҷумҳурия==вӣ равона намуд.