Нишондиҳандаҳои асосии рушди саноати кишвар

2

Саноатчиёни мамлакат ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти рушд додани соҳаи саноат, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, воридоти технологияҳои муосир, истеҳсол ва муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, хусусан корхонаҳои саноатии маҳсулоти воридотивазкунанда, инчунин дарёфти бозорҳои содиротӣ ва таъмини сокинон бо ҷойҳои кории нав пайваста чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Саноати кишвар, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ буда, дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҳиссаи он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ҳарсола ба тадриҷ зиёд гардида истодааст.

Дар моҳҳои январ – апрели соли 2020 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 8966,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ – апрели соли 2019-ум 15,3 фоиз афзудааст.

Омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати коркард – 19,5 фоиз, саноати истихроҷи маъдан – 13,1 фоиз, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 7,0 фоиз ба амал омадааст.3

Бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи корхонаҳои саноатӣ тамоюли зиёдшавӣ дошта, фаъолияти истеҳсолӣ вобаста ба мавҷудияти ашёи хом ва талаботи бозор ба роҳ монда шудааст.

Барои истеҳсоли маҳсулоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ, тибқи маълумотҳои оморӣ, дар чор моҳи соли равон дар соҳаҳои саноат 1 млрд 504,2 млн сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардиданд.

Ба ҳолати 1-майи соли равон 2204 корхонаҳои саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 7,0 фоиз ё 143 корхона зиёд гардидааст. Аз шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ 305 корхона ба саноати истихроҷ, 1789 корхона ба саноати коркард, 76 корхона ба соҳаи энергетика ва 81 корхона ба таъминоти об ва коркарди дуюмдараҷа рост меояд.

Дар моҳи январ-апрели соли равон дар соҳаи саноат 61 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 980 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шуд, аз ҷумла;

  • дар вилояти Суғд 23 корхона бо 336 ҷойҳои кории нав,
  • вилояти Хатлон 19 корхона бо 135 ҷойҳои кории нав,
  • ВМКБ 1 корхона бо 5 ҷойҳои кории нав,
  • шаҳри Душанбе 10 корхона бо 468 ҷойҳои кории нав
  • НТҶ 8 корхона бо 36 ҷойҳои кории нав.

Аз шумораи умумии корхонаҳои нав 21 корхона ба соҳаи саноати хӯрокворӣ, 15 корхона ба соҳаи масолеҳи сохтмон, 12 корхона ба соҳаи саноати сабук, 7 корхона ба соҳаи саноати мошинсозӣ ва 6 корхона ба дигар соҳаҳои саноат рост меояд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби корхонаҳои нав ба маблағи 203 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, аз маблағи умумӣ 98 млн сомонӣ 19 корхона, ки аз дигар самт ба саноат гузаштанд ва корхонаҳои барқароршуда 105,1 млн сомонӣ 42 корхонаи навтаъсис ташкил медиҳад.

Таҳлилҳои панҷ соли охир нишон медиҳад, ки:

  • ба ҳисоби миёна 175 корхонаи нав дар як сол ба қайд гирифта шудааст;
  • таъсиси шумораи корхонаҳои нав дар соли 2019 нисбат ба солҳои 2018-88 корхона, 2017-49 корхона, 2016- 69 корхона ва 2015- 14 корхона афзоиш ёфтааст.
  • ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда давоми солҳои охир коҳиш дода шудааст, аз ҷумла соли 2019-149 корхона нисбат ба соли 2015 қариб як маротиба кам карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи маълумоти оморӣ дар 3 соли охир аз соли 2017 то 2019 ва 3- моҳи соли  2020 дар ҷумҳурӣ 564 корхонаҳои саноатии нав бо таъсиси 8534 ҷойҳои кории нав сохта ва ба истифода дода шудаанд. Дар ин давра 258 корхонаҳои саноатӣ фаъолияти худро қатъ ва самти фаъолияти саноатиро иваз намуданд.

Ин натиҷаҳо бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар ба соҳаи саноат ва бунёди корхонаҳои нави муҷаҳҳаз ба технологияҳои нав ва кластерҳои саноатии дорои сикли пурраи истеҳсолот – аз коркарди ашёи хом то маҳсулоти тайёр фароҳам гардиданд.