Ташаббусҳои соҳаи саноати ангишт, баҳри муқобила бо ин вабои аср.

88344332_2582442658551875_9220725203129073664_n

Имрӯзҳо дар миқёси ҷаҳон пандемияи коронавируси COVID-19 доман паҳн намуда, ба иқтисодиёти тамоми кишварҳои дунё таъсири манфии худро расонида истодааст. Дар баробари талафотҳои моддӣ, ин вабои аср талафотҳои ҷониро ҳам ба миён оварда, боиси нигаронии ҷомеъаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин паёмад моро дучанд муваззаф мегардонад, ки чун ҳарвақта бо ҳамдигар сарҷамъу муттаҳид буда, арзишҳои  бузургтарини инсониро боло гузошта ва онҳоро ҳифз намуда аз даст надиҳем. Аз ин рӯ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон, дастгирӣ  беморон ва бахусус табибон дар ин рӯзҳо яке аз амалҳои некӯкорӣ ва савоб арзёбӣ мешавад.

Бо пайравӣ аз иқдоми башардӯстона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади  иҷрои супориши  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.04.2020, №14324(25-2) “Оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолиии коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ” корхонаҳои саноати ангишт ба суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҷмуъ 172,0 ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла; КФ “Шахтаи Фон-Яғноб” -150,0 ҳазор сомонӣ, ҶСК “Ангишти Камароб”- 2,0 ҳазор сомонӣ, ҶСК “Ангишт” -10,0 ҳазор сомонӣ (аз ин 5,0 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби  Сарраёсати хазинадории марказии вилояти Суғд), ҶДММ “Комбинати металлургии тоҷик” -10,0 ҳазор сомонӣ, маблағ гузарониданд.

Ҳамзамон аз ҷониби КФ “Шахтаи Фон -Яғноб” 2 адад таҷҳизоти нафаскашӣ (ИВЛ) ба маблағи 28,0 ҳазор сомонӣ харидорӣ гардида ба беморхонаи ноҳияи Айнӣ ба таври ройгон  дастрас карда шуд.

Бо дар назар доштани имкониятҳои мавҷуда корхонаҳои саноати ангишти ҷумҳурӣ дар оянда низ кумакҳои беғаразонаи худро барои беҳтар гардидани вазъи эпидемиологӣ, пешгирӣ ва кам кардани хавфҳои эҳтимолӣ аз ин вабои аср дареғ надошта сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро дар ин самт ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.