Т А Б Р И К Н О М А!

 Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли кормандони соҳаи кимиёро, ки дар рушди саноати кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд, ба муносибати Рўзи касбии кормандони соҳаи кимиё табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи истеҳсолӣ ва бунёдкории Ватани азиз, ба ҳамаи кормандон бурдбориҳоро таманно менамоем.

 Таъкид бар он бояд дошт, ки кўшишу заҳматҳои аҳли  кормандони соҳаи кимиё дар дастовардҳои истеҳсолӣ ва зиёд намудани нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар созандаю назаррас мебошад.

Имрўз, ки дар Ватани маҳбуби мо пешрафти соҳаи саноати кимиё барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ яке аз соҳаҳои муҳим шуморида мешавад ва итминон дорем, ки  аҳли  кормандони соҳа бо саъю кўшиши бештар дар рушди иқтисодиёти кишвари азизамон хоса дар давраи амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллїӣ «Саноатикунонии босуръти кишвар» минбаъд низ саҳми арзандаи худро мегузоранд.!

Барои ноил гардидан ба дастовардҳо ва нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ба ҳамаи аҳли кормандони соҳа барору комёбиҳо хоҳонем.

Рўзи касбии кормандони сохаи кимиё муборак бод!.