Боздиди Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз корхонаҳои саноати ангишти н.Айнии вилояти Суғд

IMG-4ef7681c62da981ffb37a3ed69340ddd-V

IMG-3c059b161566ccbac90b196a5aa19a5d-V         Бо мақсади назорати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» ва  Нақша-чорабиниҳои Вазорат, ки  бо Фармоиши №26 Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2020 тасдиқ карда шудаанд, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар якҷояги бо роҳбарияти ШСХК «Барқи Тоҷик  ва дигар масъулини соҳа рӯзи 05.06.20  ба ноҳияи Айнии  вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода аз рафти корҳо дар корхонаҳои истихроҷи ангишт  аз наздик шинос шуданд.

        Вазири саноат ва технологияҳои нав бо ҳайати  масъулин  аз қитъаҳои корӣ дар КФ “Шахтаи Фон-Яғноб”, ДИА ҶСП “Корхонаи металлургии тоҷик”, ҶДММ “Талко Ресурс” дар якҷоягӣ бо намояндагони КВД “Ангишти тоҷик”, ШСХК “Барқи тоҷик” ва МБГ-2 шаҳри Душанбе   бо иштироки  дигар шахсони масъул аз ҳолати корҳои истихроҷ, қабаткушои ва захираи ангишт дар  минтақаҳои кори қитъаи «Карерный»-и КФ «Шахтаи Фон-Яғноб», қитъаҳои «Дижикруд» ва «Канте»-и ҶДММ «Талко Ресурс» ва қитъаи  «Равот»-и ҶДММ «Комбинати металлургии Тоҷик» дидан намуданд, ки айни замон фаъолияти корӣ дар  минтақаҳои мазкур мутобиқ ба нақшаҳои корӣ бароҳ монда шудааст.

            Мақсади  боздид  аз минтақаҳои  кории конҳои ангишт ин  оқилона ва самаранок  истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ аз ҷониби корхонаҳои  соҳа буда, ҳамчунон аз  рафти иҷрои таҳвили ангишт,  захиракунӣ ва ба талаботҳои сифатнокии ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳа, ҷиҳати таъмини намудани эҳтиёҷоти МБГ -2 ш. Душанбе мебошад.

         Дар рафти боздид аз минтақаҳои корӣ ба фаъолияти корхонаҳои соҳа, аз ҷумла оид ба талаботҳои ягонаи қоидаҳои коркарди конҳои ангишт ба роҳбарони тамоми  корхонаҳои соҳа баҳри самаранок истифодабарии захираҳои ангишти конҳо бо риояи қоидаю талаботҳои амалкунандаи соҳавӣ, дастуру супоришҳо дода шуд.

      Таъкид гардид, ки яке аз масъалаҳои асосӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, ин захираи намудани 1 млн 100 ҳазор тонна ангишт барои эҳтиёҷоти МБГ-2 шаҳри Душанбе ва таъмини муассисаҳои буҷетӣ бо ангишт  дар ҳаҷми – 57 ҳаз. тонна ба шумор меравад. Барои таъмини он ба КВД “Ангишти тоҷик”, ШСХК “Барқи тоҷик” ва МБГ-2 шаҳри Душанбе ва роҳбарони корхонаҳои истихроҷи ангишт, ҷиҳати амалӣ намудани он ҳамаи имкониятҳоро истифода намуда, иҷрои нақшаҳои тасдиқгардидаро дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намоянд.

         Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои  талаботҳои  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021», пайгирӣ намуда, дар ҳамбастагӣ бо корхонаҳои соҳа нақшаҳои истеҳсолии тасдиқ гардидаро сарвақт таъмин хоҳанд кард.

IMG-e65756eb1e378ba565cda50b58a6d793-V