Дастовардҳои соҳаи саноати сабуки кишвар дар се соли охир

ришта

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2018 бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд. Ин қадами стратегии муҳим, ба афзоиши коркарди пурраи ашёи хом, зиёд гардидани маҳсулоти саноатии рақобатпазири ватанӣ ва тақвияти потенсиали содиротии кишвар мусоидат намуда, инчунин асос барои мувозинаи савдои хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ шуда метавонад.колин

Саноати сабук бо назардошти дастрас будани ашёи хоми маҳаллӣ, хусусияти меҳнатталабӣ, ки ба ташкили шумораи зиёди ҷойҳои корӣ бахусус барои занону духтарон мусоидат мекунад ва имконияти васеи бо маҳсулоти тайёр таъмини бозори дохилӣ соҳаи афзалиятноки ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Таваҷҷуҳи доимии Роҳбарияти Олии кишвар ба рушди соҳаи саноати сабук мунтазам ба назар расида, дар ин раванд давоми соли равон бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои зерин расман ба фаъолият шуруъ намуданд.

Аз ҷумла, ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани коркарди ниҳоии нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр фаъолияти ҶДММ «Ваҳдат Текстайл» моҳи январи соли 2020 дар шаҳри Душанбе шуруъ гардид. Иқтидори истеҳсолии корхона 19,2 млн ҷуфт ҷуробҳои мардонаву занона, бачагона ва варзишӣ дар як сол буда маҳсулоти ҷавобгу ба талаботи бозори дохиливу хориҷӣ аз рӯи стандартҳои ҷорӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар корхона барои 300 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё карда шудааст.

Инчунин марҳилаи дуюми ҶДММ «Фарм Текс» 29 майи соли равон ба истифода дода шуд. Хатҳои истеҳсолии корхона бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, маҳсулоти воридотивазкунанда аз ҷумла, истеҳсоли маводҳои бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ ба роҳ монда шудааст. Корхона дар як шабонарӯз то 2 тонна нахи пахтаро коркард карда, дар шакли пахтаи гигроскопии сафедкардашуда ва сипас пахтаи тиббӣ, стоматологӣ дар намуди тампон, гирдаҳои пахтагин ва навъҳои гуногуни молҳои тиббии тамизшуда истеҳсол менамояд.

Дар марҳилаи дуюм истеҳсоли докаи тиббӣ аз пахтаи гигроскопии сафедкардашуда ба роҳ монда шудааст. Коргоҳ бо 26 хати нави технологӣ барои истеҳсоли докаи тиббӣ, инчунин дигар маҷмӯи дастгоҳҳои ёрирасон муҷаҳҳаз шуда, дорои иқтидори истеҳсолии то 5 млн дона докаи тиббӣ дар як сол мебошад. Бо мақсади васеъ намудани доираи фаъолияти корхона, таъсиси ҷойҳои кории нав, ҳамзамон фаъолияти коргоҳи дӯзандагӣ роҳандозӣ гардида, курпаву курпачаҳои пахтагин, рахти хоб ва ниқобҳои тиббӣ истеҳсол карда мешаванд.

Дар маҷмуъ дар корхонаи мазкур барои 100-120 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё карда шуда имконият ҳаст, ки маҳсулоти бо сифати баланд ва ба саломатӣ безарар истеҳсол гардида, ҳамчунин содироти он ба бозорҳои хориҷи кишвар ба роҳ монда шавад.

Мавриди қайд аст, дар доираи «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» раванди амалигардонии ҳадафҳои саноатикунонии кишвар дар соҳа амалӣ шуда, ба таъмини коркарди бештари ашёи хом дар дохили кишвар, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои рушди саноати сабук дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба молҳои ниёзи мардум, афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулот, таъмини шуғли аҳолӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаҳои коркарди нахи пахта, пӯст, пилла, истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имтиёзҳои андозию гумрукӣ фароҳам оварда шудааст.

Солҳои охир бо заҳматҳои аҳли коллективи меҳнатии корхонаҳои соҳа дастовардҳои назарраси истеҳсолӣ ба даст омада, нишондиҳандаҳои истеҳсоли маҳсулоти асосии саноати сабук тамоюли болоравӣ дорад.

Дар ин раванд, дар натиҷаи имтиёзҳои фароҳамгардида корхонаҳои соҳаи саноати сабук бо дар назар доштани корхонаҳои пахтатозакунӣ соли 2017 ба маблағи 2,5 млрд сомонӣ, соли 2018 ба маблағи 2,7 млрд сомонӣ ва соли 2019 ба маблағи зиёда аз 2,8 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Ҷиҳати коркарди нахи пахтаи истеҳсолшуда дар кишвар 18 корхонаҳои ресандагӣ бо иқтидори лоиҳавии коркарди 80 ҳазор тонна нахи пахта дар реҷаи себаста дар як сол мавҷуд мебошанд.

Тӯли се соли охир корхонаҳои ресандагӣ ҳаҷми истеҳсоли ресмони пахтагинро мунтазам афзоиш дода, нишондиҳандаҳои он дар соли 2017 17195 тонна, соли 2018 20739 тонна ва соли 2019 22356 тоннаро ташкил додааст.

Фароҳам овардани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти коркарди нахи пахта имкон фароҳам овард, ки соҳаи мазкур аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ ҷолибияти хоса пайдо намояд. Ба истифода додани сикли ресандагии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» қадами устувор дар рушди коркарди нахи пахта ба ҳисоб рафта, корхонаи мазкур бо саҳмгузории шарикони хитоӣ фаъолият намуда истодааст.

Рушди соҳаи коркарди пӯсти чорво бо дар назар доштани истифода аз манбаъҳои мавҷудаи ашёи хоми маҳаллӣ, дар пайдо намудани арзиши иловашудаи маҳсулоти истеҳсолӣ ва аз ин ҳисоб таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ аҳамияти иқтисодии муҳим дорад. Дар ҷумҳурӣ имконияти коркарди 2 млн пӯсти чорвои хурду калон аз ҷониби 7 корхона вуҷуд дорад. Захираи ашёи хом–пӯсти чорво барои корхонаҳои соҳа дар ҷумҳурӣ мавҷуд буда, коркарди амиқи он ба зиёдшавии ҳаҷми маҳсулоти чармин ва пойафзол дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Коркарди пӯсти чорво дар соли 2017 433,8 ҳазор дона, соли 2018  458,2 ҳазор дона ва соли 2019 534,2 ҳазор донаро ташкил додааст.

Дар ҶДММ «Чарм» ва ҶДММ «Пойафзолдӯзи Хуҷанд» коркарди пӯсти чорво то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монда шуда, чарми тайёр ва пойафзолҳои гуногуни чармин истеҳсол карда мешаванд.

Дар корхонаҳои дӯзандагӣ асосан дастгоҳҳои истеҳсоли ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия, Олмон ва Федератсияи Россия васлу насб гардидаанд, ки ин ба баланд бардоштани сифати маҳсулот мусоидат мекунад. Маҳсулоти истеҳсолкардаи як қатор корхонаҳои соҳа дар бозорҳои хориҷи кишвар, аз ҷумла Ҷумҳуриҳои Италия, Беларус ва Федератсияи Россия харидорони худро пайдо намуда, дар соли 2019 ба маблағи 157 млн сомонӣ шимҳои мардона, бачагона аз матои ҷинс, нимшим, куртаҳои мардона, либосҳои варзишӣ ва кимоно содирот карда шудааст, ки ин нишондиҳанда 60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти дӯзандагии истеҳсолшударо ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти ҷойдошта шумораи хонандагони муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 2,0 млн нафарро ташкил дода, аз имконияти воқеии мунтазам фаъолият намудани коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ, нигоҳдории ҷойҳои корӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тавассути ба роҳ мондани дӯхти либоси мактабӣ шаҳодат медиҳад.

Қолинбофӣ яке аз анъанаҳои қадимаи миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, рушди ин соҳа ба ташкили истеҳсолоти нав, афзун намудани номгӯи маҳсулоти қолинӣ, таъмини талаботи бозори дохилӣ, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар натиҷаи фароҳам овардани имтиёзҳои андозӣ ҷалби сармоягузорӣ дар соҳаи қолинбофии кишвар ба назар расида, корхонаҳои нав ба фаъолият шуруъ намуданд. Айни замон 6 корхонаи қолинбофӣ фаъолият дошта, иқтидори истеҳсолии онҳо дар соли 2019 зиёда аз 4,4 млн метри мураббаъ истеҳсоли маҳсулоти қолиниро ташкил дод.

Дар доираи иҷрои муқаррароти «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» корхонаҳои нав ба фаъолият шуруъ намуда, истеҳсоли қолинҳо нисбат ба соли 2014 ба 2,5 маротиба афзоиш ёфт ва аз 1 млн 763 ҳазор метри мураббаи соли 2014 ба 4 млн 701 ҳазор метри мураббаъ дар соли 2019 расонида шуд. Соли 2019 талаботи бозори дохилӣ бо қолини ватанӣ 58,7 фоиз таъмин карда шудааст.

Соҳаи мебелбарории кишвар яке аз соҳаҳои зудафзоиш ба шумор рафта, солҳои охир мунтазам тамоюли афзоиш дорад. Дар ду соли охир фаъолияти корхонаҳои калони соҳа ҶДММ «Арча мебел» дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд ва ҶДММ «Бисот» дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфтанд. Соли 2017 25,9 млн сомонӣ, соли 2018 42,9 млн сомонӣ ва соли 2019 ба маблағи 54,3 млн сомонӣ истеҳсол шудани мебелҳои гуногун аз тамоюли афзоиш ёфтани соҳаи мазкур шаҳодат медиҳад. Қисми зиёди корхонаҳои соҳа бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, қобилияти истеҳсоли намудҳои гуногуни мебел аз ҷумла, барои утоқҳои корӣ, боғчаҳои кӯдакон, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, олӣ, тиббӣ, хона ва ошхона бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи ҷориро доранд.

Минбаъд низ дар самти рушди устувори саноати сабуки кишвар, таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои корӣ, афзун намудани номгӯи маҳсулоти рақобатпазир ва баланд бардоштани иқтидори содироти маҳсулот тадбирҳо ба амал бароварда шуда, ҷиҳати иҷрои ин вазифаҳо дар ҳамбастагӣ бо корхонаю соҳибкорони истеҳсолӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳои моддию техникӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.