Фаъолияти корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ дар 5 моҳи соли 2020

строй мат

Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ дар панҷ моҳи соли 2020 ба маблағи 966,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019  11,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.  Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 8,9%-ро ташкил дод.

Истеҳсоли семент ба 1527,2 ҳазор тонна, хишт 30,1 миллион дона, газоблок 15,0 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 485,2 ҳазор метри мукааб, гаҷкартон 88,4 ҳазор дона ва шифер 321,1 ҳазор дона баробар шудааст.

Дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ “Чунгтсай Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон 28,8 %, “Хуаксин Ғаюр семент”-и ноҳияи Ёвон 27,4%, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 25,6%, “Сементи Тоҷик” 5,2 % назаррас мебошад.

Дар ҷумҳурӣ 10 корхонаи истеҳсоли шифер фаъолият дошта, дар панҷ моҳи  соли ҷорӣ 321,1 ҳазор дона шифер ба маблағи 8,4 миллион сомонӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 49,7 ҳазор дона зиёд аст.

Дар  соли 2020 2 корхонаи нави шифербарорӣ –ҶММ “Восеъ саноат” дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ва ҶММ “Хизир Назар” дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд.

Инчунин, бо иштироки Сарвари давлат дар шаҳри Бустони вилояти Суғд дар заминаи ҶДММ “Воситзода” коргоҳи истеҳсоли шиферҳои асбестӣ бо иқтидори солонаи 250 ҳазор дона ба фаъолият оғоз намуд.

Шумораи умумии корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи деворӣ (хиштбарорӣ)  129 ададро ташкил дода дар панҷ моҳи соли 2020  30,1 миллион дона хишти сохтмонӣ, 13,8  миллион дона хишти сементӣ ва  15,0 ҳазор метри мукааб газоблок истеҳсол кардаанд.

Ҳаҷми содироти масолеҳ 20,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода зиёдшавии ҳаҷми содирот асосан аз ҳисоби фурӯши семент мебошад, ки маблағи он 20,5 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар панҷ моҳи соли 2020 истеҳсоли семент ба 1527,2 ҳазор тонна расида 500,3 ҳазор тонна семент ба хориҷи кишвар,  аз ҷумла ба Ҷумҳуриҳои Узбекистон 238,3 ҳазор тонна, Афғонистон 227,2 ҳазор тонна ва Қирғизистон 34,1 ҳазор тонна содирот гардидааст.

Дар 5 моҳи соли 2020 корхонаҳои шифербарории ҶДММ “Хизир Назар”-и шаҳри Гулистон, “Восеъ саноат”-и ноҳияи Восеъ. корхонаҳои коркарди қуму шағал ҶДММ “Дустии Бародарон” дар ноҳияи Рӯдакӣ ва ҶДММ “Қуми Регар” дар шаҳри Турсунзода ба фаъолият оғоз намуданд, ки дар онҳо 51 ҷойҳои кории нав бунёд гардидааст.