Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои пешгирикунандаи паҳншавии коронавируси «COVID-19» дар корхонаҳои саноатии кишвар афзоиш ёфт

941120.4961265e2853be7876e22c66dab21791

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, бобати зиёд намудани истеҳсоли маҳсулотҳои пешгирикунандаи «COVID-19» бо фармоиши Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2020, №23 дар дастгоҳи марказии Вазорат ситоди дохилиидоравии зиддиэпидемикӣ ташкил карда шуда. Бо мақсади фаъолияти мунтазам дар  ҳолати баамаломада, нақшаи чорабиниҳо дар ин самт таҳия ва тасдиқ карда шуд.

Дар натиҷаи амалишавии ин мақсад аз рӯи маълумотҳои дастрасшуда дар ҳар як корхона ва муассиса ситоди махсус таъсис дода шуда, фаъолияти онҳо тибқи нақшаи пешбинишуда ба роҳ монда шудааст ва доир ба корҳои анҷомдодашуда дар муҳлатҳои муқаррраргардида маълумотҳо пешниҳод гардида истодаанд.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ аз ҷониби як қатор корхонаҳои саноатии кишвар истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва дигар воситаҳои муҳофизатии фардӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шудааст.

Айни замон дар 49 корхонаҳои соҳа истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шуда, тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ–майи соли 2020 ба миқдори 6641,6 ҳазор дона ин намуди маҳсулот истеҳсол карда шудааст. Ниқобҳои истеҳсолии корхонаҳо якбористифодашаванда ва бисёристифодашаванда буда, ба талаботи стандартҳои амалкунанда ҷавобгӯ мебошанд. Ниқоби бисёристифодашаванда аз матои пахтагин ва дока истеҳсол шуда, аз ду ва се қабат иборат мебошад.

Дар самти истеҳсоли халатҳои муҳофизатии махсус 15 корхонаҳои саноати сабук машғул буда, дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 46496 дона маҳсулоти зикршударо истеҳсол ва ба муассисаҳои тандурустӣ интиқол дода шуд.

Дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ 11 корхонаҳои хурду миёна, истеҳсоли маҳлули антисептикӣ, моеъҳои шӯянда, собуни мушкин, собуни хоҷагӣ, хокаи хлор ва гипохлориди натрийро ба роҳ монданд. ҶСК «Тоҷикхимпром»-и ноҳияи Ёвон пас аз барқарор намудани фаъолият аз аввали моҳи майи соли равон  маҳсулоти безараргардониро истеҳсол намуда истода, то имрӯз корхона 250 тонна хокаи хлор ва 260 тонна гипохлориди натрий истеҳсол намуда, ба корхона ва муассисаҳои соҳавии ҷумҳурӣ, қисми зиёди маҳсулоти безараргардониро ба таври ройгон пешниҳод намуда истодааст.

Инчунин дар шаҳри Ҳисор, аз тарафи ҶДММ «Комбинати металлургии Ҳисор» фаъолияти коргоҳи  истеҳсоли оксигени тиббӣ ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, корхона оксигени фишурда ва моеъро ба муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ пешниҳод намуда истодааст.

Ҳаминро бояд қайд намуд, ки бо сабаби паҳншавии коронавируси навъи «COVID-19» ва баста гардидани сарҳадҳо, баъзе корхонаҳои соҳа, ки бо шарикони хориҷӣ ҳамкорӣ доштанд, фаъолияти истеҳсолиро ба таври зарурӣ ба роҳ монда натавонистанд.

Ба чунин вазъ зиёда аз 15 адад корхонаҳои хурду миёнаи коркарди пораву партовҳои металлҳои сиёҳ, ки аксари онҳо бо сармоягузории соҳибкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфтаанд, мувоҷеҳ гардида истодаанд.

 

Ҳаминро бояд қайд намуд, ки бо паҳн гардидани коронавирус ва баста шудани сарҳадҳо барои воридоти баъзе қисмҳои алоҳида ва технологияҳои муосир аз кишварҳои Осиё ва Аврупо мушкилиҳо пеш омадаанд.

Новобаста ба чунин вазъ корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ кӯшиш намуда истодаанд, аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро  то охири сол афзоиш диҳанд.