Фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати ангишт дар 5 моҳи соли 2020

ангишт

Бо мақсади таъмини талаботи тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва тақвияти содирот, истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ дар соли 2020,  аз ҷониби 9 корхонаи соҳа дар 7 кони ҳудуди ҷумҳурӣ, дар ҳаҷми 2,0 млн тонна ба нақша гирифта шудааст.

Ҷамъбасти 5 моҳи соли ҷорӣ  нишон дод, ки аз ҷониби 6 корхонаи соҳаи саноати ангишт,  зиёда аз 525,2 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда шудааст, ки нисбати нақшаи тасдиқгардида 3289,8 тонна зиёд мебошад.

Бо назар доштани мавқеи ҷойгиршавии конҳои амалкунанда дар мавзеъҳои кӯҳсор  ва хусусияти коркарди конҳо, фаъолияти корхонаҳо аз тағйирёбии боду ҳаво низ вобастагии зиёд дорад. Бинобар ин, дар моҳи майи соли ҷорӣ корхонаҳои соҳаи саноати ангишт, рӯзҳои мусоиди боду ҳаворо самаранок истифода намуда нақшаи истеҳсолиро 112,0% иҷро намуда нисбат ба моҳи майи соли 2019 ба миқдори 18199,2 тонна ангишт зиёд истихроҷ намуданд.

Аз миқдори ангишти истихроҷгардида барои таъмини аҳолӣ – 162,0 ҳазор тонна, муассисаҳои буҷетӣ -1,3 ҳазор тонна, корхонаҳои саноативу-энергетикӣ -311,2 ҳазор тонна дар маҷмӯъ 476,5 ҳазор тонна ба фурӯш бароварда шуд. Дар ин давра содироти ангишт бо назардошти вазъияти баамаломада – 1,6 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Айни замон дар анборҳои корхонаҳои соҳа 503,4 ҳазор тонна ангишт барои ба истифодабарандагон интиқол додан захира карда шудааст.

Дар ин давра махсусан фаъолияти корхонаҳои КФ “Шахтаи Фон-Яғноб” дар қитъаи “Карьерный” ва ҶСК “Комбинати металлургии Тоҷик” дар қитъаи “Равот”-и кони ангишти Фон-Яғноб ва ҶСК “Ангишт” дар кони ангишти “Шӯроб”-и шаҳри Исфара самаранок буда нақшаи истеҳсоли ангиштро дар панҷ моҳ аз 100,6 то 115,0% иҷро намуданд.

Бинобар мавсимӣ будани фаъолияти истеҳсолӣ айни замон корхонаҳои КФ “КА Зиддӣ”, ҶСК “Ангишти Камароб”,  ҶДММ “Ганҷ К” корҳои омодасозии роҳҳои конҳоро анҷом дода истодаанд. Рӯзҳои наздик ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намудани КФ “КА Зиддӣ” дар кони ангишти “Зиддӣ” дар назар аст. Аз сабаби боришҳои пай дар пайи аввали соли равон роҳҳои техникии ҶСК “Ангишти Камароб” зарари зиёд дидаанд. Айни замон барқарорсозии корҳо тибқи иттилои роҳбарияти корхона идома дорад. Оғози фаъолияти истеҳсолии корхонаи мазкур дар минтақаи “Камароб”-и кони ангишти “Назар-Айлоқ” дар нимаи дуюми моҳи июл дар назар дошта шудааст ва корхона барои таъмини иҷрои нақшаи тасдиқшуда аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда истодааст.

Яке аз масъалаҳои асосӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, ин захираи намудани 1 млн 100 ҳазор тонна ангишт барои эҳтиёҷоти МБГ-2 шаҳри Душанбе  ба шумор меравад. Мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида то 01.06 соли  2020 барои эҳтиёҷоти МБГ-2 шаҳри Душанбе аллакай 210,3 ҳазор тонна ангишт кашонида шудааст ва захираҳои мавҷуда дар анборҳои корхонаҳо ва истихроҷи шабонарӯзии ангишт дар конҳо имконият медиҳад, ки тақвият дода шавад.

Новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта корхонаҳои соҳаи саноати ангишт  бо истифода аз тамоми имкониятиҳои мавҷуда барои таъмини тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ бо ангишти хушсифат ва нисбатан арзон пайваста чораҷуи намуда истодаанд.