Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Рӯзи 19 июни соли равон дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020, №156 “Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” видео-конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон: тағйироти сохтории иқтисодиёти миллӣ” ба таври онлайн баргузор гардид.

Дар конфронс намояндагони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимони Институти иқтисодиёт ва демография ва намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Конфронси мазкурро директори Институти иқтисодиёт ва демография муҳтарам Раҳимзода Шариф Махсум кушода, оид ба моҳияти ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии кишвар ҳамагонро шинос намуда, таъкид карданд, ки дар рафти амалишавии Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар бояд масъалаҳои илмию иқтисодӣ, алоқамандии илм бо истеҳсолот ба назар гирифта шуда, ҳамаи вазорату идораҳо ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар он ширкат варзанд.

Дар конфронси мазкур масъалаҳои назариявӣ – методологии рушди инноватсиониву индустриалии иқтисодиёти Тоҷикистон, рушди саноат ва тағйироти сохтори иқтисодиёти миллӣ, инкишоф ва мустаҳкам шудани алоқаҳои байнисоҳавӣ ва раванди босуботу сифати такрористеҳсоли ҷамъиятӣ, меъёрҳои арзёбии рушди индустриалии мамлакат ва нақши саноатикунонии босуръат дар ташаккул ва рушди тамаддуни индустриалии кишвар ва дигар мавзӯъҳои мубрам муҳокима карда шуданд.

Дар Конфронс мушовири вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бобокалонзод Қурбон Хол дар мавзӯи: “Мақсад, афзалият ва натиҷаи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 (Марҳилаи якум)” баромад намуда, миннатдории худ ва роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ташкили чунин Конференсия, ки масъалаи муҳими имрӯза ва солҳои оянда барои амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» мусоидат менамояд, баён намуд.

Дар рафти баромад қайд гардид, ки чи тавре, ки ҳамаи мо бархурдор мебошем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рушди соҳаи саноат аҳамияти махсус зоҳир намуда, пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Вобаста бар ин зарур дониста шуд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонда шавад. Барои расидан ба ин мақсад–Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки – бояд амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва лоиҳаҳои сармоягузориро дар соҳаи саноат таҳти назорати қатъӣ қарор дода, самаранокӣ ва сифати онҳо таъмин карда шавад.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ин иқдоми некро ҳамчун дастури кории ҳамарӯзаи худ шуморида, барои амалӣ намудани ин стратегияи миллӣ марҳилаи якуми «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2025» якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия ва пешниҳод намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 тасдиқ карда шуд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот менамояд, ки дар ҷаҳони имрӯза танҳо рушди соҳаи саноат бо истифода аз таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ, метавонад мавқеи сазовору арзишманди кишварро ишғол намояд. Бе ҳамоҳанг кардани саноати кишвар бо саноати муосири ҷаҳонӣ ва бе алоқаманд намудани илм бо истеҳсолот ба мушкилиҳо оварда мерасонад.

Мавриди зикр аст, ки яке аз омилҳои асосии саноатикунонии мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии давлат, ин бунёду ба кор андохтани корхонаҳои нави саноатӣ, таҷдиду азнавсозии корхонаҳои саноатии амалкунанда, аз коркарди ашёи хом то ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии–содиротшаванда мутобиқ намудани фаъолияти корхонаҳои саноатии амалкунанда ва бунёдшаванда, ҷорӣ намудани навгониҳо, ихтироотҳо технологияҳои инноватсионӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушд додани соҳибкорӣ дар раванди саноатикунонӣ ва тайёр намудани мутахассисони ватанӣ барои тамоми соҳаҳои мухталифи саноат, мебошад

Мақсади таҳия ва пешниҳоди Барномаи мазкур ин андешидани чораҳо нисбати амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъмини самаранокӣ ва сифати онҳо, ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои кории нав ва то соли 2030 ба 22 фоиз расонидани ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мебошад.

Барнома ба таври объективӣ вазъи воқеии соҳаҳои саноат, саҳми он дар рушди маҷмӯи иқтисодиёти кишвар бо назар доштани вазифаҳое, ки дар стратегияву барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд, инъикос менамояд.

Таҳкими иқтидори бахши хусусӣ дар саноат, баланд бардоштани мавқеи он дар ҳалли мушкилоти шӯғли аҳолӣ, инкишофи хусусиятҳои касбию зеҳнии кормандони соҳа, таҳкими сохтори таркибии истеҳсолот ва такмили механизми дастгирии давлатӣ дар Барнома мавқеи асосиро ишғол менамояд.

Амалишавии барномаҳои қабулгардида аз соли 2014 то соли 2019 дар саноати кишвар тамоюли мусбати рушдро нигоҳ дошта, дар самтҳои алоҳида суръати афзоиш бомаротиб зиёд гардид. Тибқи маълумоти расмӣ дар 6 соли охир (солҳои 2014-2019) дар ҷумҳурӣ 1632 корхонаи нав бо таъсиси 33152 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Саноати кишвар омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ буда, ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳарсола ба тадриҷ зиёд гардида истодааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳаҷми номиналии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 10,4 млрд сомонии соли 2014 то ба 27,6 млрд сомонӣ дар соли 2019 расонида шуда, 2,6 баробар афзудааст.

Дар маҷмӯъ ҳиссаи саноат дар ММД соли 2019 ба 17,4 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба соли 2014 5,3 фоиз зиёд мебошад.

Барои амалигардонии сиёсати саноатии Ҳукумати кишвар ҷиҳати гузариши босуръати иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба самти инноватсионии рушд, баланд бардоштани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, сатҳи некуаҳволӣ ва коҳишёбии сатҳи бекорӣ Барномаи мазкур марҳилаи калидиро мебозад.

Дар ин раванд барои ноил гардидан ба ҳадафҳо афзалиятҳои зерин дар соҳаҳои саноат мавҷуд мебошанд:

– мавҷуд будани захираҳои маъданӣ, ғайримаъданӣ, ангишт, канданиҳои фоиданоки маъмул дар ҳудуди ҷумҳурӣ;

– талаботи рӯзафзун ба металлҳои ранга ва қиматбаҳо дар дохили кишвар ва бозори ҷаҳонӣ;

– иқтидорҳои истеҳсолӣ барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ;

– инфрасохтор барои сохтмон ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ.

– диверсификатсияи иқтидорҳои истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ тавассути зиёд кардани иқтидори манбаъҳои энергия бо истифода аз ангишт;

– манбаи арзони ашёи хом барои истифода ва рушди соҳаи кимиё ва металлургия (кокс, гази сунъӣ, сӯзишвории моеъ ва ғайра);

– рушд ёфтани талабот ба масолеҳи сохтмонӣ ва дар ин асос таъсис додани корхонаҳои истеҳсоли қуму шағал ва хишт дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.

– мавҷудияти иқтидорҳои истеҳсолӣ аз ҷумла, дар соҳаи коркарди гандум 2,5 млн тонна, шир 150,0 ҳазор тонна, маҳсулоти гӯштӣ 30,0 ҳазор тонна, зироатҳои равғандиҳанда 80,0 ҳазор тонна, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ 30,0 ҳазор тонна, нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ 100,0 млн декалитр;

– қувваи кории нисбатан арзон;

– мавҷудияти талаботи доимӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти коркарди меваю сабзавот (хамира ва қайлаи маваю сабзавот, шарбатҳо, меваи хушк) дар хориҷи кишвар;

– мавҷудияти роҳҳои ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ барои интиқоли маҳсулот;

– истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза.

– мавҷудияти захираҳои гидроэнергетикӣ, иқтидор ва инфрасохтори зарурӣ потенсиали кадрӣ барои афзоиш додани истеҳсоли алюминии аввалия, бо дар назар доштани ба кор даровардани серияҳои 5 ва 6 ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик»;

– талаботи доимӣ ба техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ ва нуриҳои минералӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ.

Бо мақсади ноил шудан ба ин ҳадаф дар давоми солҳои 2020-2025 сохтмон ва баистифодадиҳии 736 корхона бо таъсиси 17955 ҷойи кории нав ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла дар соли 2020 корҳонаҳои калонтарин аз онҳо сохтмонашон пешбинӣ шудааст, ин марҳилаи аввали ҶДММ «ТК ОЙЛ» оид ба истеҳсоли сӯзишворӣ бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол, марҳилаи якуми ҶДММ КМ «Артел» оид ба истеҳсоли техникаҳои маишӣ, ҶДММ «Истеҳсоли маҳсулоти ширии «Ватан»-и шаҳри Душанбе бо иқтидори коркарди 30 тонна шир дар як шабонарӯз, ҶДММ «Ли Чарм» бо иқтидори 700 тонна истеҳсоли желатин, ҶДММ «Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе бо иқтидори истеҳсолии 19,2 млн ҷуфт ҷӯроб, корхонаи дӯзандагӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо 100 ҷойи корӣ, корхонаи хиштбарории ҶДММ «30 солагии Истиқлолият»-и шаҳри Ваҳдат бо иқтидори 3 млн донна дар як сол, корхонаҳои истеҳсоли қуму шағали ҶДММ «Дӯстии Бародарон»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва ҶДММ «Қуми Регар»-и шаҳри Турсунзода, корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ҶДММ «Строй комплекс»-и шаҳри Душанбе, ҶДММ «TBEA-Душанбе саноати кӯҳӣ»-и ноҳияи Айни марҳилаи якум бо иқтидори 50 ҳазор тонна маъдан бо тариқи ишқоронӣ дар ғарам таъмин хоҳад шуд.

Дар натиҷаи амалишавии марҳилаи якуми Барномаи мазкур ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои дурнамо аз 27 млрд 586,6 млн сомонии соли 2019 то ба 69 млрд 878,7 млн сомонӣ дар соли 2025 расонида шуда, суръати афзоиш аз 113,6%-и соли 2019 то ба 253,3% дар соли 2025 мерасад.

Ҳиссаи соҳаи саноат дар таркиби маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 17,4%-и соли 2019 то ба 20,7% дар соли 2025 расонида мешавад.

Барои амалишавии Барномаи мазкур маблағ дар ҳаҷми 17 млрд 568 млн 262 сомонӣ, яъне аз ҳисоби донорҳо 0,2% ва бахши хусусӣ 99,8% пешбинӣ шудааст.

Дар шароити кунунии Тоҷикистон вақте, ки мо дар марҳилаи гузариш аз модели аграрӣ–индустриалӣ ба модели индустриалӣ–аграри қарор дорем, барои тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани онҳо, зарур аст, ки муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои саноатӣ дар самти омода намудани кадрҳо бо ихтисосҳои техникӣ ва технологӣ густариш дода шавад.

Дар охир аз ҳамаи иштирокчиёни Конференсия, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ даъват ба амал оварда хоҳиш менамоям, ки дар амалишавии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла ҷиҳати амалӣ гаштани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар саҳми худро гузоранд.